ВидеоОбществоРелигия

ИСТОРИЯ О ТОМ, КАК ПАРЕНЬ ИЗ ТАДЖИКИСТАНА ЖЕНИЛСЯ НА ДЕВУШКЕ ИЗ КИТАЯ (ВИДЕО)

Мухаммадджон Карабаев, житель Шаартузского района на юге Таджикистана во время учебы в Китаев влюбился в китаянку по имени Китика и привез ее в Шаартуз. Выйдя замуж за Мухаммадджона, Китика приняла Ислам и таджикские обычаи и сменила имя на Хадиджу.

Историю любви парня из самого южного района Таджикистана к однокурснице – китаянке опубливало местная газета “Хатлон”.

Мухаммадджон рассказал изданию, что вначале его родители хотели назвать Китику Аишой в честь младшей супруги Пророка Мухаммада (с), но его отец в итоге предпочел Хадиджу, имю первой супруги Пророка, потому что у Пророка дети были лишь от первой супруги.

Мухаммадджон Карабаев в 2019 году окончил ср.школу №1 в родном Шаартухе и проучившись в центре изучения китайского языка в Душанбе, уехал учиться в Китай.

Там он и познакомился, а потом влюбился в Китику. Вернувшись в Таджикистан, он продолжал общаться с Китикой через мессенджере и в тоге сделал ей предложение выйти за него и переехать жить в Таджикистан.

“Я так был влюблен, что нисколько не обращал внимания на то, какой она национальности, вероисповедания и культуры? Верил, что после свадьбы она станет одной из нас,  – рассказывает Мухаммадджон. – Потом я сделал ей предложение. Она сперва удивилась, а потом сказала что должна поговорить с родителями. Я тоже поговорил с родителями и рассказал про Китику. Они тоже сильно удивились, но я смог их убедить. В том числе тем, что она примет Ислам, будеть одевать нашу национальную одежду и будет жить по нашей культуре и обычаям. Им это понравилось, но не очень верили в это…”


Китика (Хадиджа), которой 21 лет, говорит, что она была единственном ребенком своих родителей и когда они узнали, что Китика выходит замуж за таджика и переедет жить в Таджикистан, вначале боялись, что Мухаммадджон может ее обмануть.

 “Я и мои родители знали, что когда девушка выходит замуж за кого-то, она должна принять его религию, культуру и уклад жизни. Основной причиной несогласия моих родителей было в этом. Но я ради Мухаммадджона была готова на все, решилась и на смену вероисповедания. Изучала все про Таджикистан, жизни здесь. Учила наизусть и шахаду”, – рассказала Китика (Хадиджа) газете “Хатлон”.
Наргиза Карабаева, сестра Мухаммадджона рассказала, что часто она выступает переводчиком между родителями и невесткой, так как понимает английский.

“Иногда самим становится смешно. Все происходит как в индийской мелодраме. Но мы старались уважать выбор брата и привыкать к нашей китайской невестке. Я знаю английский и беседую с ней, но родители и родственники разговаривают с ней через переводчика. Я и брат превратились в ее переводчика. Мы раньше думали, что женитьба ба представительниц другой нации и культуры невозможна. Но после начала совместной жизни нашего брата с китайской невестой наше мнение изменилось. Ее имя сменили с Китика на Хадиджу, она приняла Ислам и  отказалась от своего вероисповедания. Она также согласилась одевать таджикскую одежду”, – рассказывает Наргиза.

Свадьба Мухаммадджона  и Китики (Хадиджы) состоялась в Шаартузе по-таджикски: с утренним пловом (оши нахор) и соблюдением других обрядов. И все гости на свадьбе очень хотели воочию увидеть невесту из Китая.

Мухаммадджони и ее китайская супругу вместе живут уже полгода. Мухаммадджон работает в частном банке, а Хадиджа преподает китайский в Центре изучения языков.

В прошлые годы сообщалось о нескольких случаях, когда таджикские женщины и девушки выходили замуж за мужчин из Китая. Такие случаи вызывали в обществе больше негативную реакцию. Но женитьба Мухаммадджона  на Хадиджу – один из первых случаев, когда жених из Таджикистана женился на девушке из Китая.

Арӯс аз Чин

Дар ҳама давру замон оила макони муқаддас маҳсуб меёбад. Дар бунёди оила ҳамсар нақши асосиро мебозад. Оила, падару модар дар тарбияи фарзандон ва ояндаи неки онҳо дар якҷоягӣ саҳми муассир доранд. Аз ин лизоҳ, ҳамеша барои кӣ ва аз кадом оилаву миллату нажот интихоб гардидани ҳамсар таваҷҷуҳи ҳамагонро ҷалб мекунад.

Муҳаммадҷон Қарабоев дар оила фарзанди хурдӣ мебошад ва волидон дар интихоби завҷаи ояндаи ӯ нозукбинона муносибат мекарданд. Зеро, келини хурдӣ барои ҳамешагӣ бо падару модар мемонад. Нафаре лозим аст, ки хизмати хусуру хушдоманро дар сатҳи баланд ба ҷо биёрад. 

Муҳаммадҷон муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шаҳритусро соли 2019-ум хатм карда, барои омӯзиши забони чинӣ ба шаҳри Душанбе меравад. Пас аз муддате таҳсил кардан бо як барномаи таълимӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафта, дар донишгоҳ ба омӯзиш фаро гирифта мешавад.

Дар таҷлили зодрӯзи ҳамсабақаш бо як духтари чинӣ шинос шуда, як моҳ мулоқот мекунад. Пасон ба Тоҷикистон баргашта, тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо духтари чинӣ мукотибаашро идома медиҳад. Бо ҳамин давоми ду сол бо ҳам суҳбат карда, ҳамдигарро хуб мешиносанд ва меомӯзанд. Муҳаммадҷон ба хулосае меояд, ки духтари чиниро ба оиладорӣ даъват намояд. Ҳамин тавр низ мекунад.

– Ман то андозаи ошиқи он духтар гашта будам, ки дигар ба миллату дину фарҳангаш диққат намедодам. Боварӣ доштам, ки бо оиладоршавӣ ӯро ба сӯйи худ мекашам ва аз ҷумлаи мо мешавад, – нақл мекунад Муҳаммадҷон. – Cипас, ӯро ба издивоҷ даъват кардам. Аввалан, дар ҳайрат монд ва пасон гуфт, ки бо падару модараш суҳбат мекунад. Ман низ бо волидонам суҳбат карда, дар бораи Китика (номи аслии духтари чинӣ) маълумот додам. Онҳо низ дар ҳайрат буданд, аммо ман онҳоро мутақоид карда тавонистам. Масалан, бо оне, ки ӯ дини исломро қабул мекунад. Либоси миллии моро ба бар карда, бо фарҳангу маданияти мо зиндагӣ менамояд. Ин гуфтаҳоям барояшон писанд омад, вале бовар намекарданд.

Китика изҳор дошт, ки барои ман низ ин пешниҳод ғайриинтизор буд. Бале, мо ҳамдигарро дӯст медоштем, аммо хонадоршавӣ умуман чизи дигар аст. Ман ҳоло 21-сола буда, донишҷӯ ҳастам, бунёди оила бароям хеле барвақт аст. Ман дар хона фарзанди ягона ҳастам. Барои ҳамин вақте ба падару модарам пешниҳоди Муҳаммадҷонро гуфтам, онҳо бовар накарданд ва гуфтанд, ки фиребам медиҳад. Ҳоло бисёриҳоро фиреб мекунанд.

Аммо, пас аз маслиҳатамон барои тайёр кардани ҳуҷҷатҳо ва харидани чиптаи ҳавопаймо Муҳаммадҷон ба ман маблағ равон кард. Ин амалаш боварии волидонамро бештар намуд. Яъне, агар фиреб додан мехост, ин қадар маблағро беҳуда амефиристод. Ман ба хулосае омадам, ки ба Тоҷикистон назди Муҳаммадҷон меравам. Хешовандонам ва дӯстонам ин амаламро кӯтоҳандешӣ мехонданд. Вале дар ақидаи худ устувор будаму ба муҳаббати Муҳаммадҷон бовар мекардам. Чун дӯстдорӣ аз боварӣ сарчашма мегирад. 

Муҳаммадҷон Китикаро аз фурудгоҳ пешвоз гирифта, ба хона, назди волидон овард. Бо дидани духтараки чинӣ ҳама дар ҳайрат монданд. Аммо, кӯшиш мекунанд, ки интихоби фарзандашонро қабул кунанд. Падар дину мазҳабу фарҳангро хотиррасон мекунад.

– Ман ва волидонам медонистем, вақте духтар ба кадом ҷавонписаре оиладор мешавад, ӯро лозим аст, ки дину фарҳангу маданияти ӯро қабул кунад. Асоси норозигӣ ва муборизаи волидонам ҳам барои ҳамин буд. Аммо, ман барои Муҳаммадҷон шуда, иваз кардани дину мазҳабу фарҳангамро пазируфтам. Дар бораи дини ислом, зиндагӣ дар Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикӣ маълумотнокиамро зиёд мекардам. Ҳатто калимаи шаҳодатро азбар намудам, – гуфт Китика.

Наргиза Қарабоева, хоҳари Муҳаммадҷон, изҳор намуд, ки гоҳе аз ҳайрат хандаамон меомад. Ин ҳодисаи хуш филми ҳиндиро мемонд. Вале ҳаракат мекардем, ки интихоби бародарамонро эҳтиром кунем ва ба янгаи чиниамон одат кунем. Бо сабаби оне, ки ман забони англисиро медонам, бо ӯ суҳбат карда метавонам, вале волидон ва баъзе аз хешовандон бо ёрии тарҷумон суҳбат мекунанд.

Бародарам ё ман тарҷумони онҳо гаштаем. Аввал гумон мекардем, ки оиладоршавӣ бо дигар миллату давлат ғайриимкон аст. Аммо, пас аз оғози зиндагии бародарам бо арӯси чинӣ фикрамон дигар шуд. Ба Китика номи Хадича монданд ва ӯ дини исломро қабул карда, тарки бутпарастӣ намуд. Бо либосҳои тоҷикона тоҷикона зиндагӣ карданро қабул дошт.

Тӯй низ тоҷикона бо оши наҳор ва риояи дигар анъанаи хоси тоҷикона баргузор гардид. Барои ҳамаи иштирокдорони тӯй ҷолиб буд. Мехостанд, ки як бор арӯсро бубинанд. Арӯс оин ва дигар анъанаро бо ба бар кардани либоси арӯсӣ хуб анҷом дод. Домод низ аз домодҳои дигар тӯйҳо фарқкунанда буд. Чуноне, ки ба арӯс таваҷҷуҳ доштанд, ҳамон гуна домодро низ суолборон мекарданд. Ба ҳамин минвол тӯй хотирмон ва хуб гузашт.

Акнун, панҷ моҳ мешавад, ки Муҳаммадҷон бо Хадича (духтари чинӣ) зиндагӣ доранд. Муҳаммадҷон дар ин муддат дар бонки ғайридавлатӣ ба кор шурӯъ карду Хадича дар Маркази забономӯзие аз фанни забони чинӣ дарс мегӯяд. Дар ин баробар дар донишгоҳи болозикри чинӣ ба таври онлайнӣ дарс мехонанд.

Дар деҳа ва ноҳия ин оиларо чун хонаводаи замонавӣ эътироф карда, ба ҳарду ҷавон ва наздикони онҳо аҳсан мехонанд. Дар арафаи Рӯзи оила хабари хуше оилаи онҳоро сарфароз кард. Мужда аз интизории тифл аст, ки оилаи онҳоро мустаҳкамтар менамояд.


С. АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Back to top button