ВидеоКультураПортреты

МЭТРУ ТАДЖИКСКОЙ НАЦИОНАЛЬНОЙ МУЗЫКИ САИДКУЛУ БИЛОЛОВУ ИСПОНИЛОСЬ 70! (ВИДЕО)

Одному из самых признанных современных таджикских исполнителей и композиторов Саидкулу Билолову 5 октября 2023 года исполнилось 73.

Мэтр, который в марте 2020 года был отправлен на пенсию вместе с другой легендой таджикской музыки Давлатмандом Холовым,  в своем интервью сообщил, что  в честь своего юбилея не планирует проведения концерта или творческого вечера, так как после ухода на пенсию у него нет возможности сотрудничества с ансамблями и музыкальными группами.

Министерство культуры, или Комитет по радио и ТВ, где Билолов работал почти 40 лет, а также  другие связанные с музыкой и культурой ведомства, тоже несообщали о  проведении какого-либо мероприятия в честь 70-летия одного из самыъ признанных мэтров национальной музыки.

Заслуженный деятель культуры Таджикистана (1994), Народный артист Таджикистана (1999) и лауреат Госпремии имени Рудаки (2002) Саидкул Билолов родился 5 октября 1953 в Дангаринском районе. В 1963 году он поступил в республиканскую музыкально-хореографическую школу-интернат и в 1971 году стал одним из первых ее выпускников. В 1976 году Билолов окончил и факультет народных инструментов Таджикского института искусств.

С 1982 по 2020 г.г. Саидкул Билолов работал в Комитет по радиовещанию и телевидения в качестве исполнителя, а с 1989 году как художественный руководитель ансамбля “Дарё”. В 2000 г. Саидкул Билолов был избран депутатом нижней палаты парламента и до 2005 года работал заместителем главы комитета Маджлиси намояндагон по науке, образованию, культуре и работе с молодежью.

Саидкул Билолов, по его собственным подсчетам, записал на фонде радио более 450 песен, дуэтов и  сюит. Он больше известен песнями, записанными на стихи Бозора Собира.

Саидқул Билол: Ба пойе сарфарориҳо накардам ман…

Ҳалво.Тҷ

Саидқул Билол, овозхони мумтозу хушноми тоҷик имрӯз 70-солагии худро таҷлил мекунад. Ӯ аз пурмаҳсултарин ҳунармандонест, ки шумори суруду оҳангҳои эҷодкардааш хеле зиёданду аксари онҳо эътирофшудаву мондагоранд. Давраи роҳбарии ӯ барои ансамбли “Дарё” замони дастёбӣ ба маҳбубияти зиёд маҳсуб мешавад. Ӯ соҳиби унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ҳасту барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ.

Бо баҳонаи зодрӯз бо устод Саидқул Билол перомуни рӯзгор, фаъолияти босамар дар ансамбли “Дарё”, дӯстӣ бо шоир Бозор Собир ва чанд соли будан дар арсаи сиёсат суҳбате анҷом додем.

Нахуст аз ӯ пурсон шудем, ки чаро 70-солагиро бо пешниҳоди барномаи ҳунарӣ ё шаби эҷодие таҷлил накард.

– Барои гузаронидани чунин барномаҳо ансамбл лозим аст, то дар ҳамдастӣ кор кунем. Аммо ман имрӯз, ки бознишастаам, аз имкон қадре дуртар мондаам. Дар телевизён сабти чанд барномаҳои консертиям ҳаст, ки онҷо ба таври зинда суруд иҷро кардаам ва метавонанд онҳоро пешниҳод кунанд.

– Барои баргузории шаби эҷодӣ аз ҷониби худатон талошҳое нашуд, ба ҷое муроҷиат накардед?

НеЧунин одат надорам.

Ба пойе сарфарориҳо накардам ман,

Ба ҷое бадгумориҳо накардам ман,

Фиғон аз нобарориҳо накардам ман,

Тамаъ ҷуз дӯстдориҳо накардам ман.

– Айёми бознишастагӣ чӣ гуна пушти сар мешавад?

– Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов омӯзгорӣ мекунам. Ба тарбияи шогирдон машғулам.

САРОБИ “ДАРЁ”

– Соли 1989 аз ҳисоби ҳунармандони соҳибистеъдод ансамбли “Дарё” таъсис шуд, ки шумо яке аз асосгузорони он ҳастед. Баъзе сарояндаҳо аз дигар ансамблҳо интиқол шуданд инҷою баъзеи дигар тавассути озмун шиновари “Дарё” гардиданд. Зарурати таъсиси чунин як ансамбл пеш аз ҳама дар чӣ буд?

– Соли 1982 вақте ба сафи ҳунармандони ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи телевизён ва радиё пайвастам, онҷо танҳо се ансамбл фаъолият мекард: “Шашмақом”, “Гулшан” ва “Зебо”. Дар ансамбли “Шашмақом” баъзе сарояндаҳое ворид шуданд, ки дар ин сабк намесароиданд. Онҳо сабки худро доштанд. Ҳамчунин шумори мо – сарояндаҳои ин ансамбл зиёд буд ва ба ҳама навбат барои пешниҳоди суруду сароидани он намерасид. Раиси ҳамонвақтаи кумита ба чунин қарор омад, ки ансамбле созмон дода шавад ва баъзе сарояндаҳо ба он ҷо гузаронида шаванд. Онҳоеро, ки дар сабки кӯҳистонӣ ё анъанаӣ месароиданд, ба “Дарё” гузаронидему як қатор овозхонҳои дигарро ба тариқи озмун ба кор гирифтем.

– Чаро маҳз “Дарё” унвонаш додед?

 Чунки ҳунармандон намояндагони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон буданд ва аксари онҳо бо лаҳни минтақаи худ тарона месароиданд. Онҳо шохобҳое буданд, ки аз ҳар сӯ ҷамъ шудаву дарё шуданд.

– Чанд сол аст, ки дигар бо ин ансамбл нестед. Нахостед, ки баъд аз баромадан ба бознишастагӣ ҳам фаъолиятро идома диҳед?

– Дар зиндагӣ ҳарчӣ оғозу анҷом дорад. Ман чор соли дигар баъд аз баромадан ба бознишастагӣ ҳам кор кардам. Аммо вақти рафтан расиду идомаи корро ба шогирдон супоридем.

– Аксари он овозхононе, ки бо шумо дар ин ансамбл фаъолият доштанд, байни “Дарё”-и имрӯзу дирӯз тафовути зиёде мебинанд. Шумо чӣ?

– Бигзор инро дигарон гӯянд, на ман. Аммо роҳбари кунунии ансамбл низ боистеъдод ва пурталош аст.

– Роҳбарии шумо чӣ вижагиҳо дошт, ки “Дарё”-ро хеле шуҳратманд сохт?

– Бисёр сахтгир будам. Бо оҳангсозони шинохта, аз ҷумла Фаттоҳ Одинаев, Муборакшо Ҷумъаев ва дигарон кор мекардем, ки оҳангҳои онҳо ба дили мардум наздик буд. Худ ҳам бисёр оҳанг эҷод мекардам. На ҳар сурудро қабул доштам. Аммо ҷойи суруди напазируфтаам талош мекардам як суруд эҷод карда пешниҳод кунам. Мо ҳамчунин ҳунаркадаи “Хунёгар”-ро созмон додем, ки он ҷо ҳунармандони ҳирфаӣ ба ҷавонон нозукиҳои ҳунарро меомӯзониданд ва аз ин ҳунаркада низ якчанд овозхони соҳибистеъдод кашф шуд. Он замон ҳам навохтани мусиқӣ ва ҳам сароидани “Дарё” зинда буд. Имрӯз ин чизро дар ин ансамбл намебинам.

– Имрӯз шуморо хумори “Дарё” мегирад?

– Албатта. Хумори он рӯзҳо, хумори он ёрону ҳамкасбоне, ки имрӯз миёни мо нестанд, хумори он фазои солими эҷодӣ зиёд мегирад.

САДАФИ НОХУНИ ТУ МОРО БАС…

– Бо устод Бозор Собир хеле наздикӣ доштед ва матни қисмати зиёди таронаҳои шумо моли устод аст. Шуруъи ин ошноиҳо аз куҷо буд?

– Солҳои 1982-1983 шеъри “Бӯса ба дунё задам”-ро оҳанг бастам. Аммо ду сол гузашту ба он иҷозаи пахш шудан ба эфирро намедоданд. Сабабаш ҳамин ҷумлаи “Бӯса ба дунё задам” буд ва шӯрои бадеӣ мехостанд, онро тағйир диҳем. Назди устод Бозор рафтам ва масъаларо изҳор доштам. Пурсиданд, ки кист он кас ки иҷоза намедиҳад? Номи масъули шӯрои бадеъиро гуфтам ва устод ба ӯ тамос гирифтанду бо ғазаб пурсиданд, ки ту шеъри маро эрод гирифтӣ? Он кас аз тарс “не, устод” гуфт. Ҳамин тавр, ин суруд пахш шуду ҳамнишиниҳои мо низ зиёдтар шуд. Ҳарҷо бо ҳам будем, аз суҳбатҳояшон, гуфтаҳояшон, шеърҳояшон як ҷаҳон лаззат мегирифтам. Ҳамин тавр, ба 50 шеъри устод оҳанг бастааму сароидаам.

– Шумо ҳатто замоне ки дигарон аз зикри номи Бозор Собир меҳаросиданд, шеърҳои ӯро месароидед. Шуморо хатаре таҳдид намекард?

– Чандин кас мепурсиданд, ки ту аз сароидани шеърҳои Бозор Собир наметарсӣ? Мегуфтам касе то ҳадди устод Бозор дар бораи миллату давлат ва шахсиятҳои торихӣ шеър нагуфтааст. Дар шеъри ӯ ман чизеро муқобили миллату давлат намебинам. Дар суҳбатҳо таъкидам мекарданд, ки сароидани ин таронаҳо пайомади хуб надорад. Аммо аз ҳукумат ё ягон сохтор боре чизе  дар ин бора ба ман нагуфтаанд.

null
Саидқул Билол бо Бозор Собир, Шоири мардумии Тоҷикистон

– Замони набуданашон дар кишвар робита қатъ нагардида буд?

– Доим ҳамроҳашон дар суҳбат будам. Зуд-зуд тамос мегирифтам. Баъзе шеърҳоро ин барои худат мегуфтанду бароям мефиристоданд. Ҳамон дастхатҳояшонро то ҳол ҳифз кардаам.

– Бозор Собир баъди бозгашт ба ватан чанд вақте дар хонаи шумо мондаанд…

– Бале. Чанд ҷойҳо пешниҳодашон карда буданд, аммо написандиданд ва чанд вақте дар хонаи ман монданд. Як рӯз гуфтанд хонаат бисёр зебо, аммо як камбудӣ дорад. Гуфтам чӣ камбудӣ, устод? Гуфтанд дар ин ҷо “чирчирак” нест. Ҳамон ҳашаротеро дар назар доштанд, ки садои махсус мебарорад. Ҳамеша бо ёди деҳа буданд.

САРОЯНДА ДАР СИЁСАТ

– Солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будед. Чӣ шуморо вориди майдони сиёсат кард, чун бархе ба ин назаранд, ки ҳунарманд бояд аз сиёсат дур бошад?

– Ҳунар худ сиёсат аст. Аксари шеърҳое, ки оҳангбандӣ кардаам, сиёсианд. Инҳо наметавонанд аз ҳам дур бошанд. Вақте аз ҷониби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамчун вакил пешниҳод шудам, инро қабул доштам. Хостам дар ин самт низ худамро бисанҷам. Мутобиқи моддаи 50-и Қонуни асосии Тоҷикистон ҳар вакил метавонад ба фаъолияти эҷодӣ ва илмиву омӯзгорӣ машғул бошад. Ман ҳам дар ин муддат аз “Дарё” дур набудаму пайваста эҷод мекардам. Дар ҳамин чор сол тавонистам ба мухлисонам се консерти ҳисоботӣ пешниҳод кунам.

–  Дар ин муддат дар қабули кадом қонунҳо саҳм гузоштед?

– Дар тайёр ва қабул шудани Қонуни театр ва фаъолияти театрӣ иштирок доштам ва саҳмгузор будам. Ба шаҳрвандони алоҳида низ борҳо кумак расонидаам.

– Шумо имкони гирифтани мансаби хуберо доштаед, аммо қабули онро нахостаед. Пас ҳунармандро хоси мансаб намешуморед?

– Мегӯянд, ки агар хоҳӣ истеъдоди ҳунармандро бикӯшӣ, ба ӯ мансаб деҳ.

– Шумо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ ҳастед. Оё чунин унвонҳою мукофотҳо зарур аст?

– Дар бисёре аз кишварҳо чунин унвонҳо нестанд. Ман ҳам боре барои соҳиб шуданаш талош накардаам. Чун гуфтаи Низом Қосим ман аз пушти унвон не, балки унвон аз паси ман давидааст. Аммо ба андешаи ман довталаби унвони Ҳунарпешаи мардумӣ чун барандаи ҷоизаи Рӯдакӣ бояд ҳамчун ҳисобот як барномаи консертии зинда ба мардум пешниҳод кунад. Ӯ арзандаи ин унвон буданро бояд собит созад.

БА ПИРӢ МЕРАСАМ АЗ ХЕШ БОЛИДА

– Дар хазинаи тилоии радиои “Тоҷикитон” шумори сурудҳои эҷодкардаи шумо хеле зиёданд. Теъдоди онҳо ба чанд расидааст?

– Дар ин хазина 450 таронаи ман маҳфуз аст. Ин танҳо як сухани ҳавоӣ нест. Мудири хазина сурудҳои маро шумурда, ном ба ном зикр карда, дар зераш муҳр мондааст. Боз чанде аз сурудҳои эҷодкардаи дигар ҳам ҳастанд, ки дар ин феҳрист ҷо нашудаанд.

– Аз таронаи “Ворисон” (“Аз хуни Сиёвуш”) аксар вақт ҳамчун суруди миллии тоҷик унвон мегиранд. Дар шабакаи ҷаҳонии Ютуб баъзе наворҳое мушоҳида мешаванд, ки намояндагони кишварҳои Эрону Афғонистон ин сурудро ҳамчун суруди миллии Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд…

– Дар чунин наворҳо аслан аз муаллифи матну оҳанг ном ҳам намебаранд, вале маро ҳамин бас аст, ки сурудамро мардум чунин хуб пазируфтаанд ва як рӯзе ҳатман аз муаллифони ҳақиқӣ ёд хоҳанд кард. Суруди миллии Тоҷикистон қабул шудааст ва ба иваз кардани он ҳоҷат нест. Аммо дар бисёре аз кишварҳо сурудҳое ҳастанд, ки дар қатори суруди миллӣ мақом доранд ва садо медиҳанд. Фикр мекунам ин сурудро бояд тамоми донишомӯзони мактабҳои миёнаву олӣ аз ёд донанд. Чунки дар он корнамоиҳои тамоми қаҳрамонони мардуми тоҷик ҷо шудааст. Суруд набояд танҳо барои рақсидану шодӣ кардан бошад, балки  рисолати тарбиятгарию маънибахширо ҳеч гоҳ аз даст надиҳад.

– Шумо сурудҳои мотамӣ низ эҷод кардаед. Яке аз онҳоро шодравон Нигинаи Рауф хеле муассир сароидааст. Эҷоди онҳо дархостӣ буд ё хоҳишмандӣ?

– Боре дар мотами яке аз наздикон иштирок доштам ва нидоҳои ҷонгудозе, ки он ҷо садо дод, дар зеҳнам ҷо гирифт. Вақте намояндагони ноҳияи Файзобод барои озмуни “Бӯстон” ба ман ин шеърро пешниҳод карданд, ки оҳангбандӣ кунам, ҳамон садоҳо ба ёдам омад. Бо истифодаи онҳо сурудро эҷод кардам, ки аз ҷониби Нигинаи Рауф бисёр хуб иҷро шуд. Мардум баъзан ба чунин сурудҳо низ ниёз пайдо мекунанд.

– Суруде доред бо номи “Пушаймон нестам аз умри полида”. Ҳарчанд ин шеър аз ҷониби Сафар Муҳаммад Аюбӣ ба устод Зафар Нозим эҳдо шуда буд, аммо мегӯед ба дунёи шумо низ дахл аст. Пас воқеъан пушаймон нестед аз умри полида?

– Аслан не. Ман то ин дам кишта кардам, чизҳои зиёдеро ки сабзондаму рӯёнидам ва онҳо намегузоранд эҳсоси пушаймонӣ кунам.

– Вақте ин сурудро ба устод Зафар Нозим пешниҳод кардед, аз сабаби маризӣ натавонистанд иҷро кунанд ва гуфтанд, ки “дилам дигар намесарояд. Аммо шукр, ки дили Саидқул Билолов ҳоло месарояд…”

– Ҳоло ҳам дар пайи эҷодам. Боз ҳам суруд меофарам. Сурудҳоеро, ки марбути ин айёми ман аст.

Саидқул Билолов: “Баъзе шеърҳои Бозор Собирро оҳанг набастан гуноҳ аст!”

17:00, 5 октябрМуаллиф: Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus100923

Имрӯз овозхони шинохта 70-солагии худро таҷлил мекунад.

Саидқул Билолов
Сурат: Акси аз муаллиф

Имрӯз Саидқул Билолов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони шинохтаи кишвар ба 70-солагӣ қадам гузошт. Аксар суруду таронаҳои ӯ дар пояи худшиносиву ҳувиятхоҳӣ оҳанг баста шудааст. Ба ин муносибат “Азия-Плюс” бо Саидқул Билолов мусоҳиба орост.

Саидқул Билолов яке аз дӯстони наздики шоири шаҳир Бозор Собир аст ва ба беш аз 50 шеъри ӯ оҳанг ҳам бастааст. Ҳоло мегӯяд, ки “шеъри Бозор оҳанги иҷтимоӣ дорад ва онро насароидан гуноҳ аст”. Инчунин, дар ин гуфтугӯ ӯ дар бораи таъсиси як дастаи ҳунарӣ, рисолату раҳовардаш ва сарҷамъиву ишқу ҷудоӣ ҳарф зад.

– Бо чӣ корҳо масруфед ва 70-солагиро чӣ гуна таҷлил мекунед?

– Ба кори эҷодӣ машғулам, шеър мехонам, оҳанг менависам ва як китоби нав ҳам таҳия карда истодаам. Ду сол шуд, ки дар Консерваторияи миллӣ дарс мегӯям ва ба тарбияти шогирдон машғулам.

– Ҳар нафар дар ин дунё рисолат дорад. Рисолати худро дар чӣ мебинед ва дар иҷрои он то куҷо муваффақ ҳастед?

– Рисолати ман чун ҳунарманд даъвати мардум ба худшиносиву ҳувиятхоҳӣ садоқату муҳаббат ва покию озодагӣ аст. Ман бисёр мехоҳам, ки мардуми мо беш аз пеш ба сарзамину диёру хоки аҷдодиаш дилбаста бошанд, ба қадри волидон, фарзанди падар, хешовандону дӯстон ва ишқи пок расанд.

Ҳоло вақти дарави умри камина расидааст, то куҷо рисолати худро иҷро карда тавонистам, инро халқ қазоват мекунад, вале “пушаймон нестам аз умри полида, ба пирӣ мерасам аз хеш болида”.Акс аз Радиои Озодӣ


Таърихчаи як дастаи ҳунарӣ

– Яке аз асосгузорони дастаи ҳунарии “Дарё”-и назди Кумитаи телевизион ва радио ҳастед. Таърихчаи таъсиси ин дастаи ҳунарӣ чӣ гуна буд?

– Пеш аз таъсиси дастаи ҳунарии “Дарё”, дар дастаи ҳунарии “Шашмақом” фаъолият доштам. Дар ин даста овозхонони зиёд фаъолият мекарданд, вале қисме бо сабки кӯҳистонӣ тарона мехонданд. Барои сабти суруд ҳам навбат намерасид.

Соли 1989 Акбар Ҷӯраев, раиси вақти Кумитаи ТВ ва радио, тасмими ташкили дастаи ҳунарии навро гирифт ва барои ҳунармандони ҷавон озмун эълон шуд. Аҳмад Бобоқулов раиси ҳайати ҳакамон буданд, маро даъват кардаву интихоби кормандони дастаи ҳунарии навро ба ман вогузор карданд.

“Ман раиси ҳайати ҳакамон ҳам бошам, интихоби бачаҳоро пурра ба ту вогузор мекунам, чун ту раиси ин дастаи ҳунарӣ мешавӣ”, – гуфтанд устод Бобоқулов.

Бо ҳамин дар озмун мо Сангалӣ Мирзоев, Қурбоналӣ Абдуллоев, Муҳаррама Шарипова ва Нуралӣ Шерматовро интихоб кардем ва “Дарё”-ро таъсис додем. Як теъдод овозхонони дигар аз дасти ҳунарии “Шашмақом” ба “Дарё” омаданд. Номи “Дарё”-ро ҳам ман интихоб кардам, ба он хотир ки дар даста аз ҳама минтақаҳо овозхонон ҷамъ омада буданд ва бо сабкҳои гуногун – зарафшонӣ, мастчоӣ, ҳисорӣ, хатлонӣ, бадахшонӣ тарона месароиданд. Яъне, мехостем шохаҳо дарё шаванд.

– Аз кори ин дастаи ҳунарӣ то чӣ ҳад қонеъ будед ва розӣ ҳастед, ки сабки “Дарё” сабки Саидқул Билолов аст?

– Аз кори сарояндагони “Дарё” розӣ будам. Кори бачаҳоро пурра назорат мекардам, сахтгириҳо доштам, намегузоштам, ки матни харобе оҳанг баста шавад. Фикр мекунам, ки ҳама сахтгириҳоям ба нафъи сарояндагони даста буд ва “Дарё” мавқеъ ёфту овозхонҳо ҳам шинохта шуданд. 7 шогирдам унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва 12 шогирди дигарам унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро соҳиб шуданд.

Дар мавриди сабки дастаи ҳунарии “Дарё” бошад, то ҷое дуруст аст, ки шогирдонам пайравӣ ба сабки камина мекунанд, вале кам нестанд овозхононе, ки роҳу услуби худро пайдо кардаву муваффақ ҳам шуданд.

– Чанд соли пеш аз Кумитаи ТВ ва радио ба нафақа баромадед. Чӣ шуд, ки корро бо шарнома дар он ҷо идома надодед ва дар Консерваторияи миллӣ ба кор пардохтед?

– Аслан, ман соли 2008 ба нафақа баромада будам, баъдан то соли 2020 бо шартнома дар Кумита фаъолият доштам. Соли 2021 аз Консерваторияи миллӣ хоҳиш карданд, ки ба шогирдон дарс гӯям. Розӣ шудаму омадам.

– Ҳоло “Дарё” чӣ ҳол дорад ва ҳамкорие ҳаст?

– Он “Дарё” ҳоло нест, аксари шогирдонам ба нафақа баромаданд, чанде аз олам гузаштанд. “Дарё” ҳам дигар шуд…

Акс аз Радиои Озодӣ


Раҳоварде тавъам бо сарҷамъиву ишқу ҷудоӣ

– Даҳҳо таронаҳои Шумо ба худшиносиву ҳувиятталабӣ равона шудааст ва оҳанги мутантан дорад. Аз хондани сурудҳои мутантан чӣ мехостед?

– Баъди ҷанги шаҳрвандӣ вазъ чунин сурудҳоро талаб мекард. Барои тоҷикон ваҳдат ва якдилӣ лозим буд. Ман ҳам бо суруд ба сарҷамъӣ даъват кардани халқро рисолати худ мешуморидам:

Биёед, биёед, дусад даст барорем,

Дусад дасти навозиш, ки гӯем чанорем.

Дар ин хок, дар ин хок, дар ин мазраъаи пок,

Ба ҷуз меҳр, ба ҷуз ишқ дигар дона накорем.

Ё хеле муҳоҷирони тоҷик бо шунидани суруди “Тоҷикистон ҷону ҷонон” аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Ё суруди “Аз хуни Сиёвушем” гимни бисёр маҳфилҳо гашт. Ҳамин аст рисолати инсониву қарзи шаҳрвандии ман.

– Ишқ ҳам дар сурудҳои Шумо хеле зиёд васф шуда ва дар ин баробар, ҷудоӣ низ. Аз “Биё ҳамрози ҳам бошем” то “Ҳар гаҳе бе ман бимонӣ” чӣ мегӯед?

– Шеър ва мусиқӣ ҳарду ишқ аст. Ҳар касе як рӯз ошиқ буд, ба қавли Соиб, “дар рӯзи ҳашр осуд”. Аммо зиндагӣ рӯз дораду шаб, шодӣ дораду ғам. Ишқ низ бе ҷудоӣ намешавад…

Аз шеър то сиёсати Бозор Собир

Справка по теме

Саидқул Билолов 5-уми октябри 1953 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Дар 12-солагӣ фаъолияти овозхониро шурӯъ кард. Хатмкардаи Мактаб-интернати миёнаи мусиқӣ хореографӣ (1963), Мактаби мусиқии Малика Собирова (1971) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1976) аст. Беш аз 500 тарона эҷод кардааст. Солҳои 2000-2005 вакили парлумон буд. Унвонҳои Арбоби ҳунари Тоҷикистон (1994), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999) дорад ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (2002) аст. Сабти нотавии сурудҳои С. Билолов дар китобҳои “Дарёи суруд”, “Дилнома” ва “Дарё манам, дарё туӣ” нашр шудаанд.

– Ба беш аз 50 шеъри Бозор Собир оҳанг бастед. Дар ашъори Бозор Собир чӣ дидед ва ин шоирро чӣ гуна шинохтед?

– Мо солҳои мадид бо устод Бозор Собир ҳамкориву дӯстӣ доштем. Шеъри ӯ дард ва оҳанги иҷтимоӣ дорад. Баъзе шеърҳои ӯро оҳанг набастан гуноҳ аст. Ман даъвои шеършиносӣ намекунам, вале сар аз “Забони модарӣ”-ву “Теғи Сино”-ву “Аҳмади Дониш” то “Хуни Сиёвуш”-у “Зинда бо Балху Бадахшонем мо” таърихи халқи тоҷик аст ва ин хидмати ӯ фаромӯшношуданист. Шеъри Бозор Собир натанҳо тоҷикистониёро, балки тамоми форсизабононро ба ҳам мехонд.

– Аз Бозор Собири мусофиру муҳоҷир чӣ мегӯед?

– Бозор Собир дар Ватан шоир буд, дар муҳоҷират шоиртар шуд. Вақте шеъри “Дар дили ман монд”-и варо мехонед, дардашро дарк мекунед ва гиря накардан ногузир мешавад. Ё “Гулҳои Ватан начидаам даҳ сари сол” ҳар ватандорро такон медиҳад. Чӣ хел мешавад, ки ин сурудро нахонем? Гуноҳ нест магар?

– Ба андешаҳои сиёсии Бозор Собир чӣ назар доред?

– Аслан, зиндагии инсон бо сиёсат тавъам аст. Шеъру суруд ҳам. Бозор Собир дар замони Шӯравӣ шеъри “Забони модарӣ”-ро навишт, ин сиёсат аст гуфта, дар матбуот чоп накарданд. Ҳоло дар ҳар маҳфиле садо медиҳад: “Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст!”.

Бозор Собир ҳақиқатро мегуфт, агарчи талху кушанда буд. Ба қавли худаш “шоири осиву ёғӣ” буд ва ҳеч чизи пинҳоне надошт.

Бале, танҳо Худованд бекамбуд аст, дигар ҳар махлуқе хато мекунад ва Бозор ҳам мард буд, ки чанд хатои кардаашро ба гардан гирифт, ба Амрико рафт, дид демократияи он ҷоро ва омаду ба ин мазмун гуфт, “ман нав фаҳмидам, ки демакратияи ғарб дар шарқ лозим набудааст”. Баъд ба Сӯфиён (зодгоҳи Бозор Собир, – муаллиф) рафт, муддате дар хонаи падарӣ зиндагӣ кард, ормонашро шикаст.

Мо дар солҳои 1980-ум ба ҳам дасти дӯстиву бародарӣ додем, баъди ба ғурбат рафтанаш ҳам қариб ҳар ҳафта аз ҳоли ҳамдигар мепурсидем. Ман ҳеч вақт ва дар ҳеч шароите бо Бозор қатъи дӯстиву бародарӣ накардам.

Бозор ватандӯст буд, монд ва дар ватанаш ба хок супорида шуд.Саидқул Билолов ва Бозор СобирАкс аз Радиои Озодӣ


Мушкилоти санъати тоҷик ва роҳҳали он

– Шумо як давра вакили парлумон ҳам будед. Панҷ сол дар порлумон чӣ кардед?

– Дар порлумон ба мушкилоти санъату фарҳанг пардохтам, чун аз 9-солагӣ дар ин дег ҷӯшида будам ва аз ҳар вакили дигар мушкилоти соҳаро беҳтар медонистам ва барои бартараф кардани он роҳҳал доштам. Ман муовини Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ будам ва ду кори асосии мо дар он вақт қабул кардани қонунҳо “Дар бораи фарҳанг” ва “Дар бораи маориф” буд. Инчунин, ба чандин қонуни дигар тағйиру иловаҳо ворид кардем, ҳама барои рафъи мушкилоти санъату фарҳанг буданд.

– Мушкили мубрами санъати тоҷик ҳоло чист?

– Мушкили аслӣ ҳоло бесаводиву камсаводии сарояндагони ҷавон аст. Шеър бемаъно, оҳанг бемаъно, намоҳанг бемаъно. Бар замми ин, овоз нест, зинда сароида наметавонанд, аксар фонограмма мехонанд. Ман чандин сол шуд, ки консерти зиндаи сарояндагонро надидаам. Баъзе овозхонҳо суруди худро азёд намедонанд.


– Роҳҳал чист?

– Дар чандин кишварҳо, аз ҷумла дар Озарбойҷону Туркманистон барои сарояндагон манъ аст, ки фонограмма истифода кунанд. Ин таҷриба нишон дод, ки санъати давлатҳо чӣ гуна пеш рафт. Дар мо ҳам то фонограмма аз байн наравад, санъату фарҳанг ба таври чашмрас рушд намекунад.

Соли 2008 Қарори ҳукумати кишвар “Дар бораи манъи истифодабарии фонограмма” қабул шуда буд, вале чаро он иҷро намешавад, ман ҳайронам… Аз ин рӯ, агар дар ин робита қонун ба тасвиб расад ва ҷазо пешбинӣ гардад, фарҳангу санъати тоҷик ба таври назаррас рушд мекунад.

Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20231005/saidul-bilolov-baze-sheroi-bozor-sobirro-oang-nabastan-guno-ast

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Back to top button