ВидеоОбществоПрава человека

5 ФОТО ИЗ ЗАЛА СУДА: САЪДУЛЛО РАУПОВ ОСУЖДЕН НА ПОЖИЗНЕННОЕ ЗА УБИЙСТВО ДВУХ ДЕВУШЕК. ЕГО ПОДЕЛЬНИК САФАРОВ ПОЛУЧИЛ 22 ГОДА

Во второй половине 22 декабря суд города Душанбе закончил процесс по громкому делу двух девушек, чьи тела в конце августа нашли в пещере над селом Харангон Варзобского района. Суд признал Сафарова Дониёра и Саъдулло Раупова, 28-летних жителей села Дехнаваки боло виновным в этих убийствах и приговорил Раупова к пожизненному заключению, а Сафарова – к 22 годам колонии строгого режима.

По версии следствия и суда, Сафаров и Раупов в январе 2018 года убили жительницу Душанбе Замирамо Хайдаровой, 1991 г.р., за то, что она познакомилась с уроженцем Афганистана, после чего ее отношение изменилось к Сафарову, с которым она состояла в любовных отношениях с 2010 года. Сафаров вместе со своим другом Рауповым отвезли Хайдарову в один ресторан в Гиссаре, где напоили спиртными напитками, а потом отвезли на холмы над селом Харангон Варзобского района, где Сафаров задушил свою возлюбленную. После этого они бросило тело девушки в пещеру, а Сафаров, чтобы никто ее не искал, использовав телефон покойной, отправил ее подруге СМС такого содержания: “Пусть близкие не безпокоятся, она вышла замуж, пусть не ишут ее.” Превратившее в скелет тело Хайдаровой нашли лишь 2 года и 8 месяцев спустя – в конце августа 2020 года – в пещере над селом Харангон.

Таким же образом, Раупов Саъдулло, занимавшийся извозом на своей машине,  4 апреля 2020 года на повороте к Харангону посадил в свою машину Мехрафруз Холмирзо, 2001 г.р., но вместо того, чтобы отвезти ее в ее родное село Алхитай, повез ее на холмы над махаллой Дехнаваки боло, где предложил девушке интим. Девушка ему отказала и разгневанный Раупов дважды ударил Мехрафруз, а потом задушил ее до смерти. После совершения убийства, раупов отвез тело девушки в знакомые ему уже холмы над селом Харангон и спрятал в той же пещере, где он вместе с Сафаровым спрятали тело Хайдаровой…

За последние месяцы это уже второй пожизенный приговор, вынесенный судом столицы Таджикистана. 15 сентября суд г. Душанбе признал Исанова Тургунжона Жураевича, 1985 г.р., уроженца Шаартузского района виновным в изнасиловании двух маленьких детей 10 и 9 лет. По версии следствия и суда, Исанов  в 2018-2019 годах несколько раз совершал развратные действия сексуального характера, а в ноябре 2019 года изнасиловал 10-летнюю дочь своей супруги, а в мае 2020 года заставил своего 9-летнего пасынка обработать маслом свой задный проход, после чего изнасиловал и его.  Суд над Исановым проходил за закрытыми дверями из-за слишком юного возраста потерпевших детей.

Ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ба Раупов С.А. ва 22 соли зиндонӣ нисбати Сафаров Д.К. барои куштори ду ҷавондухтар дар ноҳияи Варзоб

МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Аз сомонаи расмии додгоҳи шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 22 декабри соли 2020 дар ҳайати раисии судяи суди шаҳри Душанбе Шӯҳратзода У. бо иштироки машваратчиёни халқӣ Қосимова З. ва Забирова М., бо котибии Аҳмадзода А.Ё., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Раҳимов С., ҳимоятгарон Абдухамидов А. ва Шаропов З. баррасии  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Сафаров Дониёр Каримович 7 феврали 1992 рўзи таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор, соҳиби ду фарзанд, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, деҳаи Деҳнаваки Боло, бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,з” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич 14 апрели 1992 рўзи таваллудаш, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Душанбе, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор, соҳиби ду фарзанд, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, деҳаи Деҳнаваки Боло, бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,з,п” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Суд зимни баррасии парванда муайян кард, ки Сафаров Дониёр Каримович бо шаҳрванд Ҳайдарова Замирамоҳ Файзалиевна, таваллудаш 23.06.1991 сол,тахминан аз моҳи июни соли 2010 шиносоӣ пайдо намуданд.

Моҳи ноябри соли 2017 марҳум Ҳайдарова З.Ф. бинобар бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Аҷмал Абдул Латиф шиносоӣ пайдо намуданаш муносибаташро бо Сафаров Д.К. тағйир додааст.

Бинбар ин, Сафаров Д.К. аз рўи ҳиссиёти рашк мунтазам Ҳайдарова З.Ф-ро мавриди лату кӯб қарор дода, бо мақсади дар оянда аз ҳаёт маҳрум сохтани Ҳайдарова З.Ф. бо ҳамроҳии рафиқаш Раупов С.А. нақшаи куштори охиринро тарҳрезӣ намуданд, то ин ки онҳо якҷоя Ҳайдарова З.Ф-ро ба қатл расонида ҷасадашро нобуд созанд.

Ҳамин тавр, Сафаров Д.К. бо ҳамроҳии рафиқаш Раупов С.А. бо мақсади амалӣ намудани қасди куштори Ҳайдарова З.Ф., тахминан моҳи январи соли 2018 аз рўи нақшаи қаблан тарҳрезӣ намудаашон амал намуда, шаҳрванд Ҳайдарова 3.Ф-ро, барои истеъмолӣ хўроки шом ба шаҳри Ҳисор даъват карда, ҷиҳати осон гардидани нақшаи худ бо ҳам якҷоя нушокии спиртӣ истеъмол намуда, номбурдаро то ба ҳолати сахти мастӣ оварда расониданд. Баъдан охиринро маҷбуран дар бағоҷи автомашинаи сабукрави тамғаи “Опел”, рақами қайди давлатиаш 86-59 ВЕ ТҶ 01, таҳти идораи Сафаров Д.К. буда ҷой намуда, ба макони беодам яъне ҳудуди теппаҳои назди деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бурданд.

Сипас, Сафаров Д.К. аз рўи бадбинии қаблан дар ботинаш дошта, бо мақсади ба анҷом расонидани қасди куштори охирин, шароити мусоид барои одамкушӣ муҳайё сохта, дидаю дониста, ки Ҳайдарова З.Ф. дар ҳолати оҷизӣ қарордошта, ҳаракатҳои худро дарк карда наметавонад,  бо дастонаш роҳҳои нафаскашии Ҳайдарова З.Ф-ро буғӣ карда, ба ин васила охиронро аз ҳаёт маҳрум месозад.

Ин лаҳза Раупов С.А., ки худ дар ҷои ҳодиса ҳузур дошт ва ҳолати ба ҳалокат расонидани Ҳайдарова З.Ф-ро назорат мекард, ба Сафаров Д.К. барои минбаъд пинҳон кардани ҷасади Ҳайдарова З.Ф. кўмак расонида, ҳамроҳ ҷасадро аз ҷои ҳодиса ба масофаи тахминан 100 метр дуртар кашола карда бурда, дар натиҷа аз баландии 50 метр ба ҷарӣ қисми поён партофтанд.

Сафаров Д.К. баъди ҳосил намудани боварӣ ба ҳолати марги Ҳайдарова З.Ф. ҷасадашро дар зери хок дар чуқурии ҷарӣ пинҳон намуда, пас бо мақсади гумроҳ намудани наздикон ва пайгирӣ накардани ҳолати куштор аз телефони мобилии марҳум Ҳайдарова З.Ф. ба шиноси худи ӯ бо ному насаби Аминова Фарзона Комилҷоновна бо матни «наздиконаш ҳаввос (хавотир) нашаванд, шавҳар кардаасту дигар ўро накобанд» пайёмак (смс) ирсол намудааст.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ аз дохили чуқурии ҷарии теппаҳои шафати деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб ҷасади ба устухонпораҳо мубаддалгашта (скелет) –и марҳум Ҳайдарова З.Ф. дарёфт карда шуд.

Ғайр аз ин, Раупов Саъдулло Абдуллоевич 4 апрели соли 2020 тахминан соати 1100 дақиқа ҳангоми дар гардиши маҳаллаи Харангони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғул буданаш, дар ин лаҳза шаҳрванд Меҳрафрўзи Холмирзо, таваллудаш 20.09.2001 сол, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, ба автомашинаи ў ҳамчун мусофир савор шуда, ба самти манзили истиқоматиашон воқеъ ба суроғаи кӯчаи Алхитойи, ноҳияи И.Сомонӣ, шаҳриДушанбе, равона мегардад. Дар роҳ Раупов С.А. бо Меҳрафрўзи Х. шиносоӣ пайдо намуда, ўро ба теппаҳои маҳаллаи Деҳнаваки боло, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, ноҳияи Варзоб бурда, пешниҳоди алоқаи ҷинсӣ карданро менамояд. Меҳрафрўзи Х. пешниҳоди ӯро рад карда, ба тарафаш дашномҳои қабеҳ медиҳад.

Дар ин лаҳза Раупов С.А. ба ғазаб омада, ду маротиба ба қафаси синаи Меҳрафрўзи Х. бо мушт пай дар пай зарба зада, дар ботинаш қасди кўштори ӯро пайдо мекунад, пас бо  мақсади амалӣ намудани ин кирдораш ӯ бо роҳи буғӣ кардан охиринро ба ҳалокат расонид. Баъд аз ин ӯ ҷасади беҷонгардидаи Меҳрафрўзи Х-ро ба ҷарии теппаҳои маҳаллаи Деҳнаваки боло, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, ноҳияи Варзоб, ки қаблан ҷасади Ҳайдарова З.Ф.-ро ҳамроҳи рафиқаш Сафаров Д.К. оварда зери хок пинҳон кардаашон бурда, зери хок намуд.

Гунаҳгории  Раупов Саъдулло Абдуллоевич ва Сафаров Дониёр Каримович бо далелҳои раднопазир, ки дар суд мавриди муҳокима қарор дода шуданд, исботи худро ёфт.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд Сафаров Дониёр Каримович дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 22 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт ва Раупов Саъдулло Абдуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в, з, п” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш махсус маҳкум карда шуданд.

Суратлавҳа аз ҷараёни эълони ҳукм

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Back to top button