ВидеоМедицина и Здоровье/Окружающая средаОбществоТаджикистан

ХУШХАБАР! ДУ МОДАРИ ХУШБАХТ ДАР СУҒД ДАР ЯК РӮЗ ЧОРГОНИК ВА СЕГОНИК БА ДУНЁ ОВАРДАНД (ВИДЕО)

Рӯзи 24 августи соли 2023 дар таваллудхонаи вилоятии Суғд дар шаҳри Хуҷанд ду зан чоргоник ва сегоник ба дунё оварданд.  Шабакаи телевизионии “Азия HD” бо нашри як гузориши муфассал хабар дод, ки ин ду модари хушбахтро ҳамроҳи фарзандонашон рӯзи 11 сентябр танҳо баъди анҷоми ҳама ташхису муоинаҳои лозим ва мутмаин шудани табибон ба вазъи саломатии тифлони навзод аз таваллудхона ба хонаҳояшон ҷавоб доданд. Дар маросими гусели сегонику чоргоник ба таваллудхонаи вилоятӣ муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ низ иштирок дошт ва ба ду модари хушбахт туҳфаҳои раиси вилоятро супурд.

Барои Меҳрангез Раҳимова, сокини шаҳри Истаравшан ин нахустин зоюмон буд. Модари ҷавон якбора чоргоник ба дунё овард. Ӯ то рӯзи таваллуди нахустфарзандонаш тайи ду моҳ дар таваллудхона таҳти муоинаи табибон қарор дошт. Чор тифли Меҳрангез, хушбахтона, ҳама солиму бардам ва бо вазни аз 1 килою 700 грамм то 2 килою 600 грамм ба дунё омаданд.

Барои Парвина Очилова аз деҳаи Гулободи ноҳияи Деваштич, ки сегоник ба дунё овард, ин зоюмони чорум буд. Ӯ қаблан се писар таваллуд карда буд, ки аз 6 то 10 сол доранд. Баъди таваллуди писари сеюмаш Парвина Очилова 6 сол “дам гирифт” ва рӯзи 24 август якбора 3 духтар ба дунё овард. Ин сегоник, ки падару модар онҳоро Фотимаю Зӯҳро ва Хадиҷа ном кардаанд, бо вазни 1 килою 600 грамм то 2 кило дида ба ҷаҳон кушодаанд ва табибон вазъи саломатии кӯдакон ва модари хушбахти ин сегоникро муътадил арзёбӣ мекунанд.

Худи Парвина Очилова, ки шодии худро пинҳон намекард, дар ин гузориш гуфт, аз онки соҳиби якбора се духтар шуд, худро хеле хушбахт мешуморад.

Аз аввали соли 2023 дар таваллудхонаи вилоятии Суғд 4031 тифл, аз ҷумла се сегоник ва як чоргоник дида ба ҷаҳон кушодаанд.

Қаблан низ дар вилояти Суғд мавридҳои ангуштшумори таваллуди сегонику чоргоник сабт шуда буд. Аз ҷумла соли 2018 як зан аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чоргоник ба дунё оварда буд.

11 январи соли 2023 Муборак Соҳибова, сокини 26-солаи ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд шашгоник ба дунё овард. Ин нахустин мавриди таваллуди шашгоник дар вилояти Суғд ва дар Тоҷикистон буд, вале муттаассифона, ҳамаи тифлони навзод баъди таваллуд фавтиданд. Ҳалокати ин 6 тифл дар аввали сол сабаби барканории роҳбарони таваллудхонаи вилоятӣ ва раёсати тандурустии вилояти Суғд шуд.

Дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҳавасманд кардани заноне, ки беш аз се фарзанд таваллуд кардаанд, вуҷуд надорад. Аммо мақомот ва шаҳрвандони алоҳида ба ин гуна модарон ёрии моддӣ мерасонанд.

Аз ҷумла дар арафаи Соли нави 2021 сокини 30-солаи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадова  дар таваллудхонаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе якбора панҷ фарзанд – ду писару се духтар – ба дунё овард. Ҳукумати вилояти Хатлон барои ин тифлон дар як гӯшаи ҳавлиашон дар Қубодиён ҳуҷраҳои иловагӣ сохт.

Қаблан, дар соли 2020 дар таваллудхонаи рақами 3 дар шаҳри Душанбе чоргоник – ду писару ду духтар ба дунё омаданд. Шаҳрдории Душанбе ба ин оила манзили нав бо тамоми шароиташ дод. Ҳамчунин соли 2015 дар ҳамин таваллудхонаи пойтахт чоргоникҳо ба дунё омад ва давлат ба он оила хона дода буд.

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Back to top button