ВидеоКультураПортреты

К 100-ЛЕТИЮ АМИНДЖАНА ШУКУХИ – ТАЛАНТЛИВОГО ПРОЗАИКА И ПОЭТА-ЛИРИКА

10 июня 2023 года 100 лет исполнилось покойному Аминджану Шукухи – одному из самых известных таджикских поэтов-лириков и талантливому прозаику Советского времени .

Аминджан Шукухи (Аминджан Ходжибаев, 1923—1979)  — советский таджикский поэт и писатель, Народный поэт Таджикистана (посмертно, 1994). Лауреат Государственной Премии Таджикской ССР им. Абуабдулло Рудаки (1965). Около 10 лет — главный редактор центральной газеты Таджикской ССР «Советский Таджикистан». Первый председатель Союза журналистов Таджикской ССР, с 1967 по 1976 год возглавлял Государственный Комитет Таджикской ССР по телевидению и радиовещанию. Депутат Верховного Совета Таджикской ССР четырёх созывов.

Свои творческие шаги Аминджан Шукухи начинал ещё в 30-е годы прошлого века, но первые его публикации отмечены в начале 40-х. Аминджан Шукухи был принят в члены Союза Писателей СССР в 1947 году, когда ему было всего 24 года.

Расцвет творчества Аминджана Шукухи приходится на 50 годы прошлого столетия. Он пишет серию лирических сборников и становится признанным лидером лирического жанра. Среди первых работ сборник «Голос сердца». Аминджан Шукухи искусно ловит послевоенное дуновение оттепели и изящно уходит от строго патриотических и идеологически сжатых форм к более романтичным, чем вызывает огромный интерес, особенно у молодежи.

Известный таджикский поэт Кулали отмечал: «Стихи Шукухи были гимном молодежи и мы жадно ждали его новых творений».

Венцом лирики Шукухи стал стих «Ту гул не» (Ты не цветок) который стал абсолютно новым подходом к уже сложившимся образам в персидских газелях. Спустя многие десятилетия, этот стих продолжает оставаться одним из самых известных творений 20 века в таджикской литературе.

Из более крупных работ Шукухи критики отмечали поэму «Аллея влюбленных», которая также нашла широкий отклик среди почитателей творчества А.Шукухи.

В 1965 году, за цикл стихов «Семья и любовь» Аминджан Шукухи удостаивается звания Лауреата Государственной Премии им. Абуабдулло Рудаки, высшей награды в области литературы в Таджикистане.

Около 10 лет он главный редактор центральной газеты Таджикской ССР «Советский Таджикистан».

Затем многие годы он заместитель Председателя Союза Писателей Таджикистана, первый председатель Союза журналистов Таджикистана и наконец с 1967 г. по 1976 г. он возглавлял Государственный Комитет республики по телевидению и радиовещанию.

Аминджан Шукухи был депутатом Верховного Совета республики четырёх созывов.

Один из самых известных детских писателей Таджикистана. Его повесть (трилогия) «Откуда вода течёт?» стала шедевром детского рассказа и была переведена многие языки. Название книги стало идиоматическим выражением в современном таджикском языке. Детские стихи автора стали частью образовательного фонда и нашли место во многих учебниках начальных классов. Шукухи также известен как высококлассный журналист. Он почитаем в Таджикистане как мастер жанра публицистики. Его передовицы и очерки до сих пор используются как источники для обучения нового поколения филологов. Известный фельетон А. Шукухи «Где ты же ты солнце моё?» стал практически бестселлером и был признан как один из лучших фельетонов советского периода.

Оставаясь поэтом, Аминджан Шукухи создал ряд произведений которые доказали его истинное мастерство как прозаика. В 1961 году, его повесть «Шахло» и затем продолжение повести «Шахло и Шифо» написанная в соавторстве с Х. Аскаром имела огромный успех. Тема борьбы с невежеством, затронутая в повести, остается очень актуальной по сей день.

Его поздние работы повести «Личная подпись», «Фея острова» и роман «Зигзаги дорог» (который был отмечен на всесосюзном уровне) окончательно закрепили за А.Шукухи регалии талантливого прозаика. Шукухи был известен как изящный юморист. Его сборник «Рассказы Муллолатифа» это прекрасный образец отображения народного юмора в литературе.

Аминджан Шукухи также известен как поэт-песенник. Десятки песен были созданы композиторами на его стихи которые исполняются по сей день мастерами народной и эстрадных песен. Песня из кинофильма «Сыну пора жениться» «Пришла любовь и изменился мир» (Музыка З. Шахиди, русское исполнение Батыр Закиров) стала бессмертным хитом и остается в репертуаре таджикских певцов спустя 50 лет.

 Не менее известной работой Шукухи была знаменитое либретто к опере «Возвращение». Драматургическая деятельность Шукухи была не менее успешной. Его пьеса на военную тему «Ночи разлуки» и музыкально-комедийные телепостановки были очень тепло восприняты зрителями.

Аминджан Шукухи был знаком со многими известными литераторами своей эпохи. Булат Окуджава, Алексей Сурков, Сергей Баруздин, Семен Липкин и многие другие высоко оценивали творчество Шукухи. Работы Аминджана Шукухи были опубликованы в Германии, США, Иране, Пакистане, Афганистане, Узбекистане, Азербайджане, Армении, Эстонии, Литве, Украине и других странах.

Аминджан Шукухи скончался 10 июня 1979 году, в день своего рождения, в возрасте вскего 56 лет. Он похоронен на Центральном кладбище Душанбе.

В его честь в г. Худжанд назван проспект, а на его малой родине – селе Румон под Худжандов поставлен его бюст, а также мемориальная доска.

ЧАНД НАМУНА АЗ АШЪОРИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

МАРО ТАНҲО ТУ БИНМУДӢ ФАРОМӮШ

Нишастӣ, номаамро хонда, хомӯш,

Дигар ҳоҷат набошад бар саволе.

Ту шояд, кардаӣ кайҳо фаромӯш,

Маро чун нуқтаи хобу хаёле.

Парешаб ман аз он роҳе, ки ҳар ду –

Ҳамерафтем як вақте, гузаштам.

Ба зери он дарахту он лаби ҷӯ

Туро бар ёд оварда нишастам.

Ҳамон тавр аз даруни оби ҷӯбор

Намоён аст акси он ситора,

Ки онро ту ба ман биншаста ҳар бор

Чу рамзи ишқ мекардӣ ишора.

Ба ёдат ҳаст оё як шаб ин ҷо

Чиҳо гуфтем мо ҳар ду нишаста.

Ба рӯям мезадӣ ҳар гоҳ, ҷоно,

Ба шӯхӣ шохи райҳонро шикаста.

Дарахтони ҷавону моҳи равшан

Саломи хеш бар ман мерасонанд.

Набошад ҳоҷати ин ҳарф гуфтан,

Маро онҳо зи хурдӣ мешиносанд.

Маро обу ҳавои сарзаминам

Ҳамеша мекунад шодона оғӯш.

Тамоми орзуҳо ҳамнишинам,

Маро танҳо ту бинмудӣ фаромӯш!

Вазад шаббодае сӯям дамодам,

Ба ман меоварад як бӯи уммед.

Бигардад ҳамчу мӯят бар сарам ҳам

Ба нозу ишва чавгони сияҳбед.

АГАР МАН

Агар ман лола будам, дар баногӯши ту мебудам,

Агар ман шарф будам, дар бару дӯши ту мебудам.

Агар ман ханда будам, дар лабонат нақш мебастам,

Агар ман шаҳд будам, соғари нӯши ту мебудам.

Вале на лолаю на шарфу на шаҳдам ва на ханда,

Фақат як мавҷи эҳсоси суруди рӯҳбахшанда,

Барои он ки ёбад дар дилат раҳ бо ҳазор уммед,

Ба номат ҷаста хезанда, ба поят гашта афтанда.

Агар ман ишқ будам, ёди мижгонат намекардам,

Агар ман гард будам, фикри домонат намекардам,

Агар ман шом будам, бар сари кӯят намерафтам,

Агар ман субҳ будам, қасди зулфонат намекардам.

Вале на ашкаму на гардаму на субҳаму на шом,

Фақат як зарраи дар партави хуршед ноором,

Агар мижгон занӣ, аз пеши чашмат дур хоҳам шуд,

В-агар чашмак занӣ як дам нишинам дар гули бодом.

Шунидам наргиси шаҳлои ту бар шаб сиёҳӣ дод,

Ситора ханда карду аз само бар ин гувоҳӣ дод.

Аз он рӯзе, ки аз дарёи Сир ту об нӯшидӣ,

Булӯрин соиди ту акси худ бар ширмоҳӣ дод.

Кунун гар шабнишинам ман, ба ёди ту нишинам ман,

Зи кӯҳ ар лола чинам ман, барои ту бичинам ман,

Ба ман ҳукми ту қонун аст, фармо ҳарчи мехоҳӣ,

Агар хоҳӣ, самоям ман в-агар хоҳӣ, заминам ман.

ДАР КӮЧАБОҒИ ИШҚ

Насим имшаб кунад дар кӯчабоғи ишқ фаррошӣ,

Ба қасдаш буттаҳои гул кунанд оҳиста гулпошӣ,

Маҳи пур аз миёни баргҳои сабзи рақсанда,

Зи рангу бори фикри ман кунад бар сабза наққошӣ.

Чӣ мешуд дар чунин шабҳо, шабе, ҷоно, ба ман бошӣ.

Ки ҳарду лаб-лаби рӯди мусаффо дур мерафтем,

Ба сайри токзорони пур аз ангур мерафтем,

Ба сӯзи ишқ дар раҳ сангҳоро лаъл мекардем,

Намуда кулбаҳои ошиқон маъмур мерафтем,

Ба истиқболи субҳи тозаи пурнур мерафтем.

Агар вақти сафар гирӣ маро боре ту ҳамроҳат,

Кушоям қолине дар роҳат аз гулҳои дилхоҳат,

Ба хуни дил, ба хатти навниҳолони самарбахше,

Гузорам лавҳаҳои ёдгорӣ дар қадамгоҳат.

Баро, эй офтоби ман, дар ин шабҳо зи даргоҳат.

Ки ногаҳ дида аз тирезаҳо субҳи дурахшонро,

Кунад хомӯш ҳар кас рӯз шуд, гӯён, чароғонро.

Нишон деҳ бар ҷаҳон мӯъҷизаи ҳусни ҷаҳонгират

Намуда маст ҳушёрон, ба ҳуш оварда мастонро

Ба шӯр овар, ба шӯр овар ту қалби гулпарастонро.

ДАР ОСМОНИ БАХТАМ

Бар пешвозам имшаб ороми ҷон баромад,

Бо лаъли шаккарафшон ширинзабон баромад,

Баҳри салом додан сарви равон баромад,

Борони лутф омад, меҳри ҷаҳон баромад,

Дар осмони бахтам тирукамон баромад.

Беихтиёр дасташ бигрифтаму фишурдам,

Бе як сухан диламро бар дасти ӯ супурдам.

Ҳайрон аз онам имрӯз, аз шодӣ чун намурдам?

Додам ҳар он чӣ додам, бурдам ҳар он чи бурдам,

Бахтам чу Моҳи маснӯъ то Каҳкашон баромад.

Зулфони анбаринаш монанди бедмаҷнун

Мехӯрд печутобе бо сад ҳазор мазмун,

Бар рӯи сап-сафедаш гашта шафақ ҷигархун,

Шасти нигоҳи масташ дилро кашида берун,

Аз синаам танӯри оташфишон баромад.

Эй кошкӣ, ҳамеша будам ба рӯ ба рӯяш,

То ин ки сер бошам доим зи гуфтугӯяш,

Афсӯс рафт он гул, маҳрум шудам зи бӯяш,

То умр боқӣ бошад, бошам ба ҷустуҷӯяш.

Аз хона ишқи ман бар роҳи калон баромад.

ЯК ЗАРРА БАРФ

Саҳар як зарра барфи нав ба миҷгони сиёҳ афтод,

Аз он ҷо сарнагун дар баҳри чашми хушнигоҳ афтод.

Зи гармӣ об шуд, чун ашки шодӣ боз берун рафт,

Зи нав чун донаи гавҳар ба рухсори чу моҳ афтод.

Сафар бинмуда бар рухсори чун оина рахшоне,

Чу омад назди он лабҳои ҷонпарвар ба меҳмонӣ,

Бухор аз оташи анфоси гарме гашта якбора,

Бирафт аз нав ба сӯи абрҳо аз дида пинҳоне.

Бигӯяд вай кунун бар зарраи оянда розашро,

Раҳи тайкардаи худ, қиссаи дуру дарозашро,

Ки ханҷар диду баҳре диду боғе диду гулханҳо

Сабоҳи зиндагонӣ диду пас сӯзу гудозашро.

Аз ин рӯ зарраҳои барфи нав ҷӯянд миҷгонат,

Ҳамепечанд ҳамчун ошиқон бар мӯи печонат.

Ки то бӯсанд ҳамчун заррае, к-ӯ саргузашташ гуфт,

Аз он рухсори гулгунат, аз он лабҳои хандонат.

РАСАД ЧУН ГАНДУМИ

ФАСЛИ БАҲОРӢ

Нагаштам волаи рӯи чу моҳаш,

Нагаштам сайди ду чашми сиёҳаш,

Вале бар ин дили бечораи ман

Ба ханҷар мезанад теғи нигоҳаш.

Чи гап ин? Рафту ёдаш монд бо ман,

Тилисмоти хаёлаш монд бо ман.

Фироқи ӯ зиёду васли ӯ кам –

Камаш рафту зиёдаш монд бо ман.

Ба ман деҳқони доно гуфт боре:

Расад чун гандуми фасли баҳорӣ

Дарав кун тезтар. Вай ҳам ба уммед

Ба вақташ мекашад уммедворӣ.

Баҳорон хуб бо садбаргу лола,

Ҷавонӣ – бо нигори ҳаждасола.

Барои лаззати дидор – он рӯ,

Барои мастӣ – он чашми ғизола!

НИГАҲ БИКУН БА ДИДААМ

 Нигаҳ бикун ба дидаам,

 Ки аз ту ман чӣ дидаам.

Тамоми шаб нахуфтаам,

Азоби ту кашидаам.

Ба орзуи он ки боз

Шавӣ ба ман ту дилнавоз.

Сару дилам ба хоки пот

Бубин ки кардаам ниёз.

Ду бор дар тамоми сол

Ба паҳлӯи ту, гулҷамол,

Нишаста бурдаам ба сар

Шаби висоли бевисол.

Ба ту, гули шукуфтаам,

Ман арзи худ нагуфтаам.

Аз ин сабаб чу чашмаҳо

Тамоми шаб нахуфтаам.

Вале ту чун ситораҳо

Ба ламъаи назораҳо,

Сухан нагуфта мезанӣ

Ба синаам шарораҳо.

Дар он дақиқаҳо ки роз

Қариб буд, ки гашта боз

Китоби ишқи покро

Кунад ба боби нав дароз.

Дилам ба таҳ кашида рафт,

Ҷигар маро дарида рафт,

Зи ҷайби ту сабоҳи нав

Чу андаке дамида рафт,

Ту кавкабӣ, ту кавкабӣ,

Чароғи равшани шабӣ.

Ба мисли ғунчаҳои гул

Зи шаҳди ханда лаб-лабӣ.

Ба ошиқон худо дигар

Замин дигар, само дигар.

Савобу ҳам хато дигар,

Ҷафо дигар, вафо дигар.

ИНТИЗОРӢ

Гули садбарги сурхеро харида,

Ба вақти ваъдагӣ сӯят давида,

Туро аммо дар он ҷо ман надида,

Нишастам оҳи вазнине кашида.

Дилам хун шуд зи раҳпоӣ, азизам,

Чаро охир намеоӣ, азизам?

Ба уммеди ту, ҷоно бекамукост

 Ҳазорон бор рафтам бар чапу рост,

Аз он ҷо рафтан асло дил намехост,

Бикун бовар, ки мегӯям гапи рост:

Дилам хун шуд зи раҳпоӣ, азизам,

Чаро охир намеоӣ, азизам?

Ҳаво торик шуд, маҳ ҳам баромад,

Ба рӯи сабзаҳо шабнам фаромад,

Бигуфтам худ ба худ: «ёрам наомад,

Магар ногаҳ ба вай коре баромад?»

Дилам хун шуд зи раҳпоӣ, азизам,

Чаро охир намеоӣ, азизам?

Туӣ, ҷоно, умеду орзӯям,

Биёю як нафас шин рӯ ба рӯям

Ва ё хатте фиристон ту ба сӯям,

Бикун коре, ки дигар ман нагӯям:

Дилам хун шуд зи раҳпоӣ, азизам,

Чаро охир намеоӣ, азизам?

ШУКУФТА СЕБҲО

Шукуфта себҳо ҳар шох овехт аз садаф марҷон,

Ба мисли ошиқе бар пешвози дилбари ҷонон.

Ба ҳар гул бозӣ карда боди форам мевазад шодон.

Баҳор омад азизам, навбаҳорон инқадар зебо!

Ба ёдат ҳаст оё ин, набояд буд пӯшида,

Ба тан пероҳани ранги гули себона пӯшида

Нишаста бар лаби ҷӯ, шӯхӣ карда, об нӯшида,

Ба ман мегуфтӣ: боғи себзорон инқадар зебо!

Ту азбаски зи себу себзорон мешавӣ хурсанд,

Ба ин шохи ниҳоли шеър кардам себро пайванд,

Шавад аз баҳри ту то ин ки дилкаш боз ҳам даҳчанд,

Ту шояд гӯӣ бо лабҳои хандон: он қадар зебо!

ТАБАССУМ КАРДӢ

БАР МАН ДИЛБАРОНА

Чу ман тирезаро ногаҳ кушодам,

Ба хона гашт дохил нури маҳтоб.

Хаёли чеҳраат омад ба ёдам,

Гурезон шуд зи дида лашкари хоб.

Ту ҳам шояд, ки бедорию ҳоло

Назар меафканӣ бар моҳи тобон,

Чаро ки нағз медонам, нигоро,

Ба кас танҳо нишастан нест осон.

Валекин ман намедонам, ки ин дам

Агар бедорӣ, бар ёдат кӣ омад?

В-агар ту хоб мебудӣ азизам,

Кӣ бар хоби ту ҳозир медаромад.

Ҳаминро нағз медонам, ки дирӯз

Табассум кардӣ бар ман дилбарона.

Аҷаб не ин ки ин аз бахти фирӯз

Маро шояд зи ту бошад нишона.

ххххххххххххххххх

Ишқи ман ин турна не, к-ояд фақат рӯзи баҳор,

Нест ё чун кӯчаи сарбаста дар шаҳри қадим.

Вай наметарсад зи фасли гарму сарди рӯзгор,

Вай бувад пуррафтуо, пуркор чун роҳи азим.

Дар замине сабз шуд ин ишқ, к-андар рӯи он

Медавидам дар ҷавонӣ сарбараҳна, пойлуч.

Рӯзҳоро мефикандам пушти сар осон чунон,

Ҳар яки он буд гӯё халтаи бодоми пуч.

Ишқ омад. Гуфт шабҳои ту аз сӯзу гудоз

Аз ҳисоби рӯз мегардад дарозу тиратар.

Рӯзҳоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз

Ёфтам аз чеҳраи шоми сияҳрӯи саҳар.

Ишқи ман ин соя набвад, то фақат дар офтоб

Ҷилвагар гардад ба роҳи сояпарвар гулрухон.

Ишқи ман аз ду ҷиҳад бошад ба мисли барқи об

Гоҳ гардад қувваю гаҳ нури ҳар як хонадон.

Нест ишқи ман ба мисли нотиқи минбарпараст,

То сухан гӯяд фақат аз баҳри изҳори вуҷуд.

Вай хамӯшона Заминро дошта бар рӯи даст,

Мезанад чашмак ба сӯи осмони кап-кабуд.

Ҷангҷӯ санҷад чу ҳар боре яроқи қатли ом,

Мефитад беихтиёр андар вуҷудам зилзила.

Ишқам он дам менамояд хоби шабҳоро ҳаром,

Сулҳ то созад сари тифлон саҳаргоҳон сила.

Ҷисмҳо дур аз замин доранд гӯё маррае,

Аз ҳамон ҷо гумшавии вазн ёбад ибтидо.

Лек ишқи ман аз он парво надорад заррае,

Вазни худро гум нахоҳад кард вай дар ҳеҷ ҷо.

Чунки ними вазни вай аз ҷавҳари меҳри Ватан,

Ними дигар шираи нахли баҳори дӯстист.

Ишқи ман чун хӯлаи махсуси доим барқзан,

Як чароғе дар сутуни пойдори дӯстист.

ЭЙ СУРУДИ МАН

Биё чун ҳофизи хушхон ба гуфтор, эй суруди ман,

Намо рози диламро аз нав изҳор, эй суруди ман,

Ба парвоз о дар ин гулзори бехор, эй суруди ман,

Гузар чун мекунӣ аз кӯи дилдор, эй суруди ман,

Саломамро расон бо шавқи бисёр, эй суруди ман.

Ҳамеша дар равонӣ то ки чун оби равон бошӣ,

Ба дунё омада шоистаи давру замон бошӣ,

Намирӣ ҳеҷ гоҳе зинда монӣ, ҷовидон бошӣ,

Барои он ки бар пиру ҷавон вирди забон бошӣ,

Нишастам то саҳар баҳри ту бедор, эй суруди ман.

Ба софӣ оварӣ бар ёд оби чашмасоронро,

Ба рақс орӣ ба созат оҳувони кӯҳсоронро,

Бубинам аз рухат нашъунамои лолазоронро,

Зи ту ҳис мекунам ман накҳати боди баҳоронро,

Чу месозад туро хонанда такрор, эй суруди ман.

Туро чанде даруни сина бо сад меҳр парвардам,

Ба мисли боғбони гул ба шодӣ парвариш кардам,

Ба нӯги хома аз кони сухан ман берун овардам,

Зи нав мехонаму бо ҷон навозиш мекунам ҳар дам,

Аҷаб ширину хуштамъӣ асалвор, эй суруди ман.

Чу боди навбаҳорон паҳн бар ҳар дашту саҳро шав,

Ба сӯи пеш ҷорӣ доимо чун оби дарё шав,

Зи рухсори гулу себаргаҳо бӯсида зебо шав,

Агар ҳар кас туро бо меҳр хонад бар дилаш ҷо шав,

Ба шодӣ поси хотирро нигаҳ дор, эй суруди ман.

Диҳад илҳоми нав-нав ин диёри рӯҳбахшанда,

Туро аз нав намоям боз пурмазмуну рахшанда,

Дучандон дӯст дорад то туро ҳар кас дар оянда

Нагард асло зи халқу фикру ёди ин Ватан канда,

Намо гул дар миёни боғи ашъор, эй суруди ман.

БА ҚАЛАМИ ГУМШУДА

Эй қалам, эй дӯст, эй сураткаши овози ман,

Боиси дар осмони зиндагӣ парвози ман,

Чун бинокоре, ки чида хишт бар болои хишт

Менамудӣ қасри ашъоре бино аз рози ман.

Гум намудам ман туро чун аз парешонхотирӣ,

Ҷои ту дигар қалам омад ба шеъру шоирӣ,

Ман намедонам, туро кӣ дар куҷо дарёфт кард,

Баъд аз ин тозон ба сар бар хизмати кӣ ҳозирӣ?

Хуб мешуд кӯдаке ёбад туро ногаҳ зи роҳ,

Боз мерафтӣ ба мактаб ҳамраҳи ӯ ҳар пагоҳ.

Бо ту шояд ҳарфи аввалро нависад ӯ дуруст,

Ё ки расме мекашам гӯён кунад дафтар сиёҳ.

Гар туро меёфт донишҷӯи саргарми хаёл

Мешудӣ оҳиста воқиф з-олами фазлу камол,

Хуб буд афтӣ агар бар дасти меъмори ҷавон,

Мекашидӣ нақшаи шаҳри наверо эҳтимол.

Гар туро меёфт ошиқ, ғам намехӯрдам дигар,

Менавиштӣ номаҳо ҳар лаҳза бо хуни ҷигар.

Мекушодӣ оқибат шояд тилисми васлро

Карда дар паҳлуи ӯ шабҳои ҳиҷронро саҳар.

Эй қалам, гар лозим ояд, ҳар куҷо ҳаркора шав,

Рӯи оби баҳр киштӣ, дар ҳаво тайёра шав,

Лек агар афтӣ ба дасти нокасу тӯҳматгаре,

Саркашӣ кун, худкушӣ кун, сӯз худро, пора шав.

ФАСЛИ ГУЛШУКУФТ

Зард шуд, барги дарахтон зард шуд,

Рафт тобистону омад тирамоҳ.

Сард шуд, оби каналҳо сард шуд,

Лек месӯзад дилам аз ин нигоҳ.

Барф омад, гирду ҷониб барф шуд,

Шуд сияҳтар боз он чашми сиёҳ.

Навҷавонӣ дар раҳи ту сарф шуд,

Ту маро акнун намон дар ними роҳ.

Абр омад, осмон пурабр шуд,

Мезанад барқи умеде гоҳ-гоҳ,

Сабр кун, гуфтию корам сабр шуд,

Гар гунаҳгорам кунӣ, он ин гуноҳ.

Гарм шуд, беҳад ҳаво ҳам гарм шуд,

Мекашад гӯё замин пурсӯз оҳ.

Роҳи асфалтӣ ҳам охир нарм шуд,

Ту чаро худро вале дорӣ сипоҳ?

Шом шуд, хуршед рафту шом шуд

Рӯзи ман бе дидани рӯи чу моҳ.

Бо хаёле лек дил ором шуд,

К-аз паи имрӯз меояд пагоҳ.

Гул шукуфт, омад чу фасли гулшукуфт,

Бар замин шуд фарш қолин аз гиёҳ.

Дил ба исботи вафои хеш гуфт,

Оварам шеъри Шукӯҳиро гувоҳ!

САЛОМ, МОДАР

Бо номи ту ин калом, модар,

Бар шири ту эҳтиром, модар.

Ҳар соату субҳу шом модар,

Аз ҷону дилам салом, модар!

Ту ранҷ кашида рӯзу шабҳо,

Бӯсида маро зи рӯю лабҳо,

Бо меҳри бузургу бо талабҳо

Хӯрдӣ ғами ман мудом модар.

То марди басе далер гардам,

Лозим бишавад чу шер гардам,

Бо умри дароз пир гардам,

Ман ҳам ба қатори ом, модар.

Эй модари меҳрубони дилбанд,

Ман аз ту ҳазорбор хурсанд.

Ҳаст оташи меҳр баҳри фарзанд

Андар дили ҳар кадом модар.

Бо меҳри ту рафта, комёбам,

Як зарра зи аҳд рӯ натобам,

Гар ман дили халқи худ наёбам

Ҳар як нафасам ҳаром, модар.

Бо ёди муҳаббату вафоят,

Бо ҳурмати шири ҷонфазоят,

Такрор намоям аз бароят,

Сад бори дигар, салом, модар!

ҲУРМАТИ МӮИ САФЕДАШ

Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар

Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,

Намегардад валекин ӯ баробар

Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.

Фақат модар ба ҳар гармову сармо,

Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо,

Накарда мижжа таҳ, биншаста шабҳо,

Бупарвард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.

Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,

Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.

Агар хоре халад бар пои фарзанд,

Расад андар дили модар чу ханҷар.

Барои фикру ёди пурумедаш,

Барои ҳурмати мӯи сафедаш,

Ба ҷон ҳам ҳурмату иззат кунедаш,

Набошад то ки чашмаш ҳеҷ гаҳ тар.

ТО БА РӮЗИ БОЗДИД

Боз дорам, модаро, азми сафар,

Гӯй чун ҳарбора ҳарфе мухтасар:

– Соғ рафта ту, саломат боз ой,

Гар илоҷаш ҳаст, хат кун тезтар.

Меравам, модар ҷудоӣ гарчи сахт,

Ман намеҷӯям раҳи осони бахт.

Дар сафар одам шавад марди бутун

Пир дар якҷо шудан расми дарахт.

Бояд одам мисли оби чашмасор

Рӯ ба дарёҳо намояд ихтиёр.

Чун шавад наҳри калон, бояд кунад

Даштҳои ташналабро обшор.

Нағз медонам, хавотир мешавӣ,

Гаҳ мушавваш, гоҳ собир мешавӣ,

То ягон хатту хабар ояд зи ман,

Бар раҳи қосид ту нозир мешавӣ.

Модаро, вақте ки мехезад шамол,

Боз меорӣ маро андар хаёл,

Боз мегӯӣ ки: пояш дар хунук

Берун аз бистар бимонда, эҳтимол.

Мебиёяд чун ба ҷӯи ҳавлӣ об,

Мекунӣ гӯё ба ман аз нав хитоб:

– Бар лаби дарё нарав танҳо худат,

Дар лаби ҷӯи калон танҳо нахоб!

Ранг мегирад агар гелоси боғ

Мекунӣ аз нав маро ёду суроғ.

Баччаҳо гелосро ғорат кунанд

Хуб месӯзад туро аз ин димоғ.

Мепазад зардолуи қандак агар,

Мебиёям ман ба ёдат аз дигар.

Ҳосили як шохро дорӣ нигоҳ

То дами баргаштани ман аз сафар.

Ҳар гаҳе дар ток ангури чарас

Пухта, орад иштиҳои нав ба кас.

Канда то як сар хӯрам пеш аз ҳама,

Мекунӣ дар вақти нонушта ҳавас.

Модаро, вақте ки шояд дар чаман

Ман ба гулҳо ҳамнишину ҳамсухан,

Ту гумон дорӣ, ки дар як шаҳри дур

Бекасу бечораю маҳҷур ман.

Ғам махӯр, модар, ки фардо аз сафар

Мебиёям бехабар то пушти дар.

Мекунӣ бар чойҷӯш он гаҳ алав,

Мекунӣ ҳамсояҳоро ҳам хабар.

Мекунӣ сонӣ ту бо шодӣ хамир,

Мепазӣ аз нӯги он аввал фатир,

Вақти нонушта ба наздам мениҳӣ

Мисли ҳарбора ду қошуқ рӯи шир.

Мебарад хоби ҳама, бедор ту,

Мепарад чашмат, ба чашми чор ту.

Мекунӣ шукри замони тинҷро

Дар сари ҳар як қадам сад бор ту.

Қадри дилдор аз ҷудоӣ шуд азиз,

Серӣ баъди бенавоӣ шуд азиз,

Баски хеле тирашабҳо дидаем,

Аз ҳамин рӯ рӯшноӣ шуд азиз.

Хайр, модар, то ба рӯзи боздид,

Боздид охир бувад чун рӯзи ид.

Меравам, бе оби дида гӯй боз:

– Меравӣ?..Хайр эй писар, роҳи сафед!

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Back to top button