ВидеоПисьма президентуПрава человека

«НЕ НАДО ПОВТОРИТЬ ОШИБОК 30-Х ГОДОВ». ОСУЖДЕННЫЙ ЖУРНАЛИСТ ДАЛЕР ИМОМАЛИ ОБРАТИЛСЯ К ПРЕЗИДЕНТУ ТАДЖИКИСТАНА

Осужденный таджикский журналист Далер Имомали (Далер Бобиев) в письме на имя президента Таджикистана Эмомали Рахмона заявил о серьезных и грубых нарушениях при рассмотрении уголовного дела, отметив, что не признает ни своей вины, ни приговор суда района Шохмансур города Душанбе

Письмо написано от руки 18 ноября. Копия письма оказалась в распоряжении ИА «Азия-Плюс».

Далер Имомали был арестован в июне этого года и обвинен в незаконном предпринимательстве (статья 259, часть 2), распространении заведомо ложных сведений (статья 346, часть 2), в участии в экстремистском объединении (статья 307, часть 2, пункт 3 Уголовного кодекса Таджикистана). Журналиста обвиняли также в сотрудничестве с запрещенным в стране движением «Группа 24». 17 октября Далер Имомали был приговорен к 10 годам лишения свободы и штрафу в размере более 12 000 сомони.

Суд над журналистом проходил за закрытыми дверями и без присутствия родственников и журналистов в СИЗО.

Далер Имомали в своем письмо на имя президента Таджикистана отмечает, что он никогда не был сторонником запрещенного в стране движения «Группа 24», и приведенная в качестве доказательства в суде короткая телефонная беседа с представителем этой организации произошла совершенно случайно.

«У суда нет никаких документов и фактов, доказывающих моего членства в этой организации. В материалах дела есть лишь беседа, которая состоит от 10 предложений. Я никогда не был сторонников этой и других политических организаций», отмечает Далер Имомали.

Далер Имомали также обвинил Службу связи при правительстве Таджикистана в предоставлении суду недостоверных сведений. Ведомство утверждает, что журналист якобы получил в качестве гонорара за свои видеорепортажи от YouTube 900 тыс. сомони. По словам самого журналиста, он заработал за свои репортажи 8600 долларов (примерно 90 тыс. сомони). «Если мой заработок в YouTube на самом деле составил 900 000 сомони, то через какой банк они поступили? Или через кого? Куда я мог потратить эти средства? Ведь у меня нет ни квартиры, ни машины, ни богатства», пишет Далер Имомали.

В своем письме Далер Имомали отвергает обвинение в распространении заведомо ложных сведений. «Текст обвинительного приговора полностью скопирован с обвинительного заключения прокуратуры. Почему суд над нами прошел без участия представителей СМИ? Почему в течение почти трех месяцев нам не разрешили видеться с родными и близкими? Почему суд не принял во внимание предложенные нами доказательства? Неужели, я и мои коллеги более опасны, чем боевик группировки «Исламского государства» Парвиз Саидрахмонов, суд над которым прошел в зале суда, а суд над нами – в СИЗО? Прошу, не надо повторить ошибок 30-х годов 20 века», отмечает в письме журналиста.

Далер Имомали в заключении просит не верить видеосюжетам, в которых он и его коллеги – Абдулло Гурбати, Завкибек Саидамини и Абдусаттор Пирмухаммадзода, якобы признаются в «совершенном преступлении». «Эти видео были сняты в СИЗО незаконно, под психологическим и моральным давлением (оскорблениями наших матерей и жен)», пишет Далери Имомали.

Журналист в своем письме просит президента Таджикистана не оставаться равнодушным к его судьбе, и судьбе других задержанных журналистов и блогеров. Ранее в этом месяце супруга Далера Имомали обратилась с письмом к Эмомали Рахмону и просила посодействовать освобождению ее мужа из тюрьмы. Ответа главы государства на это обращение не последовало.

За последние полгода в Таджикистане арестовано не менее 7 журналистов и блогеров, четверо из которых осуждены к различным срокам тюремного заключения. Аресты и суды над журналистами и блогерами вызвали большой резонанс в обществе и критику западных стран и международных организаций, в частности, США, ЕС, ОБСЕ и Комитета защиты журналистов. Суды над журналистами они расценили как «удар по свободе СМИ». С призывами освободить журналистов и блогеров выступили некоторые международные организации.

Источник: Радио Озоди

Ниже прилагаем полный текст письма Далери Эмомали президенту Таджикистана в оригинале на таджикском языке, опубликованном “Азия Плюс”:

Номаи фарзандона

Дуруд ба Шумо. Аз маркази Душанбе, “Таваққуфгоҳи тафтишотии 9/1 СРИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон”.

Ман “маҳкумшуда” бо моддаҳои 259 қисми 2, 346 қисми 2, 307 иловаи 3 қисми 2 Бобоиев Далер (Далер Имомалӣ).

Ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур аз санаи 17-уми октябри соли 2022, ки нисбати ман 10 (даҳ) соли маҳрум аз озодиро татбиқ намудааст, эътироф  намекунам. Зеро рафти тафтишот ва суд аз дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд иборат буд. Талош мекунам дар шакли кутоҳ ба Шумо бирасонам.

Умедворам муҳтарам Президент, ки Шумо ҳамеша ҷонибдори ошкорбаёнӣ ҳақ гуфтан ва озодии ВАО ҳастед, ба ин парвандаи сохта таваҷҷуҳ мекунед.

Моддаи 307 иловаи 3 қисми 2, ки ҷонибдорӣ, ҳамрайъӣ ва иштироки фаъол дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ дар кишварро манъ мекунад, аз ҷониби муфаттишони ноҳияи Шоҳмансур ба ман татбиқ шудааст, пурра туҳмат мебошад.

Тамоми баҳси ин модда сари ҳамагӣ 10 (даҳ) ҷумлае меравад, ки дар мессенҷер суҳбати катбӣ шудааст. Ин суҳбат аз тарафи ман бо як блогери фаъол сурат гирифтааст, ки то замони тафтишот ман намедонистам, ки ӯ аъзои гуруҳи мамнуи “24” аст. Зеро дар рафти суҳбати мо умуман аз ин гуруҳ чизе ёд нашудааст. Дар акси саҳифаи ӯ низ ягон нишона аз ин гуруҳ набуд. Мазмуни асосии суҳбати мо сари он аст, ки асри 21 асри технолоҷӣ аст ва бояд ҳама гуна эътирозу шикоят ва гирдиҳамоӣ дар интернет бошад. Мардумро дигар кӯча даъват накунем.

Маҳз ҳамин мантиқи суҳбат гуё ба гуфти коршиносони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров К. ва Махатов Ботир муҳтавои ифротгароӣ доштааст. Агар ман медонистам, ки ҳамсуҳбати мо Вайсиддин Одинаев аъзои “24” аст, ҳеҷ гоҳ суҳбати катбӣ намекардам. Ин суҳбат ҳамагӣ як маротиба аст.

Дар кадом асос ҳукми суд маро аъзои ин гуруҳ  донистааст, намедонам. Ман ҳеҷ гоҳ аъзои ягон ҳизбу ҳаракат набудам ва намешавам. Далели суд барои аъзои гуруҳи мамнуи “24” будани ман ягон ҳуҷҷат, аснод, факте нест, танҳо ҳамагӣ як суҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ, ки дар замима пешниҳод мекунам.

Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман аъзои ин гурӯҳи ифротӣ нестам:

1. Чаро ман, ки агар аъзои ин гурӯҳ бошам, то ҳол аз кишвар берун нашудам. Дар ҳоле ман ҳар сол як то се маротиба ба сафарҳои эҷодӣ берун аз кишвар мерафтам.

2. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро ин сӯҳбати катбиро тоза накардам?

3. Агар ман аъзои ин гурӯҳ мешудам, чаро телефон ва саҳифаҳои иҷтимоиямро дигар накардам?

4. Дар куҷои ин сӯҳбати мо ҳамраъйии ин гурӯҳ аст?

Ман ҳеч гоҳ ҷонибдори ин ва чунин гурӯҳҳои сиёсӣ нестам. Зеро позитсияи ман ба мушкилот ва иҷтимои кишварамон чун рӯзноманигор аст. Танҳо аз ҳамин сӯҳбати 10 (даҳ) ҷумлагӣ ман 7 (ҳафт) сол аз озодӣ маҳрум шудам.

аҳси моддаи 259 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пурра сохта ва тӯҳмат мебошад. Тибқи санади сохтаи Хадамоти алоқа, ки аз ягон барномаи компютерӣ ё шабакаи интернетӣ истифода нашудаасту танҳо ҳавоӣ зарбу тақсим шудааст, гӯё ман беш аз 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомонӣ кор кардаам. Асли воқеа, ки худи барномаи Ютуб инро пешниҳод мекунад, ман ҳамагӣ 8 600 (ҳашт ҳазору шашсад) доллари амрикоӣ кор кардаам. Саҳифаи зарбу тақсими Хадамоти алоқа ва пешниҳоди Ютубро замима мекунам.

4. Муҳтарам президент ва аҳли ВАО чанд далели мантиқие, ки ман миллионер нестам!

1. Агар ман ин 900 000 (нӯҳсад ҳазор) сомониро аз Ютуб кор карда бошам, тавассути кадом бонк онро дастрас кардаам? Ё аз дасти кӣ гирифтаам?

2. Оё муҳтарам муфаттиш ва суд ба далелҳои ҳавоии Хадамоти алоқа бовар карда, чаро аз хизмати IT-технолог истифода набурданд?

3. Ин миллионро агар ман гирифта бошам, куҷо сарф кардам? Хона, мошин, сарват – чизе надорам!

Ман бо даъвати Кумитаи андоз, ки 04-уми июн ба ман расидааст, санаи 14-уми июн дар Хадамоти алоқаи ш. Ҳисор ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта ва омода будам аз 8600 доллар андоз супорам.

5. Қисми 2-и моддаи 259 зарар бояд бо 128 ҳазор сомонӣ бошад, аммо зарар чи, ки умуман фоидаи ман то ин ҳад маблағ намерасад.

Баҳси моддаи 346 қисми 2 низ, ки гӯё ман хабари бардурӯғ оид ба фаъолияти муовини раиси н. Шоҳмансур расонида бошам, пур аз духӯрагиҳо аст. Даъвогар Тоҳир Қаюмов ба ҳодисаи як сол пеш рух дода, нав аризаи шикоятӣ навишт. Дар ҳоле, ки баҳс баъди шикояти шифоии Қаюмов дар идораи амнияти ш. Душанбе ҳалшуда ба ҳисоб мерафт ва видеои мазкурро ман аз саҳифаам тоза кардаам.

Ин модда низ нисбати ман сохта аст.

1. Агар ман дар видеоям хабари бардурӯғ расонида бошам, он видео аз тарафи сокинони кӯчаи Шодии н. Шоҳмансур сабт шудааст на ман.

2. Ман ҷаноби Қаюмовро таҳқир карда бошам барои ин хатоям ман аз Қаюмов узр пурсидам ва видео ҳануз як сол пеш, моҳи сентябри 2021 аз саҳифаи ман пок шудааст.

3. Чаро дар вақти ҳодиса сентябри 2021, ки ба қабули худи Қаюмов Т. рафта будам, барои шарҳи воқеа эшон маро ба ҳузур напазируфтанд?

Рафти суд низ духӯрагиҳои зиёд дошт, ки ҳоло муфассал чанд ҳолатро шарҳ медиҳам.

1. Матни ҳукми судӣ пурра аз парвандаи тафтишотӣ нусха шудааст.

2. Нишондоди шоҳидон, ки пур аз духурагӣ буд, дар ҳукми суд умуман оварда нашудааст.

3. Чаро ҷараёни суди мо дар ҳузури ВАО нагузашт?

4. Чаро то вақти суд қариб 3 моҳ нагузоштанд, ки мо наздиконамонро бубинем?

5. Чаро далелҳои мо пешоварда дар ҷараёни суд ба инобат гирифта нашуд?

6. Магар ману дигар ҳамкасбонам аз террористӣ дар ДОИШ иштирок карда Парвиз Саидраҳмонов хавфноктарем, ки суди ӯ дар толори суд гузашту аз мо дар дохили тавқифгоҳ?

Аз ҳамаи Шумо, муҳтарам аҳли ВАО ва Президенти кишвар хоҳиш мекунам, ки ба қазияи ман ва дигар ҳамкасбонам бетаваҷҷуҳ набошед. Мо қурбонии бозиҳои як гуруҳи тоҷирон шудем. Шахсан ман, ки то ин вақт 28 ҷоизаву 3 диплом аз дохил ва хориҷи кишвар дар умри 35-солаам дорам, камтарин хизмат барои Ватан аст.

Зинда бод сулҳу субот ва оромиш дар дунё ва Тоҷикистон. ”Ватан дигарай”.

Далери Имомалӣ 18.11.2022 сол


PS: Бо иштироки ман ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода агар ягон видео нашр шавад, пешакӣ хабар мекунам ба ягон ҷумлаи он бовар накунед. Видео ғайриқонунӣ, зери фишори равонӣ (дашномҳо аз модар ва зан) аз тарафи капитан бори аввал сабт шудааст.

Бори  дуввум боз бо иштироки ҳамин капитан, ки худашро корманди (контр-разведка) ба ман муаррифӣ карда буд, сабт такрор шуд.

Дар ошхонаи “Тавқифгоҳи тафтишотӣ”-идома ёфт. Ин навбат шояд иштироки Нусратулло Маҳмудзода буд, ки рафти сабт дашном накарданд. Умуман ба ягон ҷумлаи ман дар он навор хоҳиш бовар накунед, чун матн пешакӣ чоп шуда буд.

Хоҳиш, се фарзанди маро зинда ятим накунед!

Хоҳиш, мо нафарони эҷодкорро дар муассисаҳои ислоҳӣ баробари (дузд, қаллоб, одамкуш) набаред!

Хоҳиш, ҷурми 307-ро кам кунед(м), ки аксарият инҷо ҷавони зери 40-солаанд.

Хоҳиш, хатои сиёсии солҳои 30-юми асри 20-ро такрор накунем!

Хоҳиш, агар ҳақиқат ҳаст, марҳилаи баъдии судиро бо ҳузури ВАО гузаронед.

Манбаъ: Азия Плюс 

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Back to top button