ВидеоПрава человека

МЕСТЬ ОТ ИМЕНИ ЗАКОНА: В РАШТЕ 66-ЛЕТНЮЮ МАТЬ БЛОГЕРА ОБВИНЯЮТ В … ХУЛИГАНСТВЕ

Суд Раштского района на востоке Таджикистана 15 апреля 2022 года начал рассмотрение уголовного дела в отношении 66-летней Мавджигул Гарибовой и ее 34-летней дочери Валамат Худоёровой.  Престарелую женщину и ее дочь обвиняют в … хулиганстве и избиении жителя села Яшм Алишера Насриддина.

Мавджигул Гарибова – мать известного блогера Джунайдулло Худоёрова и бабушка Алиризо Худоёрова, студента Раштского педагогического института, убитого в  июле 2021 года в ходе конфликта с группой односельчан из клана Насриддиновых.

В январе 2022 года Верховный суд Таджикистана признал Зафарджони Насриддина и Азимова Абдулло, двух жителей села Яшм виновным в убийстве их односельчанина Алиризо Худоёрова и приговорил их соответственно к 19 и 17 годам лишения свободы с отбыванием наказания в колонии строгого режима.

А теперь Алишер Насриддин, брат того самого Зафарджони Насриддина, обвиняет Мавджигул Гарибову и Валамат Худоёрову в том, что они якобы в октябре 2021 года в день похорон его отца, избили его и ударили камнем под глаз.

Худоёровы опровергают это обвинение и считают это уголовное дело местью и продолжением старой вражды между кланами Худоёровых и Насриддиновых.

Сама Мавджигул Гарибова подтверждает словесный конфликт с Алишером Насриддином, но утверждает, что они его не били камнем.

Джунайдулло Худоёров, опубликовавший подробный отчет  о втором дне процесса над своей матерью и сестрой, состоявшийся 22 апреля, пишет, что в это день суд опросил свидетелей, большинство которых признали факт словесного конфликта между женщинами и Алишером Насриддином, но никто не подтвердил утверждение о его избиении камнем. И это при том, что, как отметил блогер, все эти свидетели были из числа тех, кто враждует с Худоёровыми.

Блог Джунайдулло Худоёрова можете прочесть ниже:

Junaydulloh Khudoyorov

Қасос бо номи қонун…

Рӯзи 15-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои суди ноҳияи Рашт воқеъ дар шаҳраки Ғарм мурофиаи додгоҳии фармоишии модар ва хоҳари банда оғоз гардида буд. Дар мурофиаи рӯзи 15-ум “ҷабрдида”, яке аз шарикони қатли бародарзодаам Алиризо Худоёров бо номи Алишери Насриддин аз ҷониби раисикунандаи мурофиа пурсида шуда буд. Дар вақти пурсиш “ҷабрдида” бо даҳ намуд дар саволҳои судя ва адвакати модару хоҳарам ҷавоб дода буд.

Судя танаффус эълон намуда мурофиаи навбатиро ба рӯзи ҷумъа 22. 04. 2022 монда буд.

Дирӯз ҷумъа 22. 04. 2022 мурофиаи навбатӣ баргузор гардид, дар мурофиа “шоҳидони ҳодисаро” пурсиданд.

Шоҳидон ҳамон нафароне ҳастанд, ки бо мо хусумати шахсӣ дошта махсусан аз ҷониби тафтишоти пешакӣ тайёр карда шудаанд.

Шоҳиди якум, Пиров Маҳмадову Аскарович дар рӯзи аввали мурофиа гуфтааст, ки “ман изо мекашам, чигуна дар мобайни мардум баромада шоҳидии бардурӯғ медиҳам? Ба Худо айб аст, манро милисаҳо фиреб доданд, ки ҳеҷ гап намешавад худашон чизе навиштан ман имзо гузоштам” гуфта баромада аз ҳавлии суд рафтааст.

Шоҳиди дувум, бо номи Акрамов Азам Сайдалиевич дар вақти пурсиш гуфтааст, ки “ҳақиқатан ман дидам апаи Мавҷигул бо санг дар таги чашми Алишери Насриддин зад таги чашмаш дарид ҳашто кукуш гирифтанд” судя пурсида аст, ки кане пайи даридаги ва кӯкҳо дар чеҳраи Алишер?

Кадом духтур ҷароҳатро духт? Азам ҷавоб дода натавонистааст.

Шоҳиди савум, Зоиров Ёрибек Муродович нишондод адад гуфтааст, ки ” ман дар рӯзи ҳодиса дар назди масҷид будам ҳақиқатан ҷанҷоли лафзи намуданд, вале ин, ки апаи Мавҷигул Алишерро зада бошад ман ин чизро надидам.

Шоҳиди чаҳорум, Акрамов Аббос Сайдалиевич нафаре, ки авлодан аз пушти як духтари бародарашон, ки келини мо буду барои хиёнат ба шавҳараш ҷавобашро дода будему бо мо хусумати шахсӣ доранд чунин нишондод додааст, ки “ҳақиқатан дар ҳамон рӯзи ҳодиса будам , вале апаи Мавҷигул Алишери Насриддинро дашном доду назад”.

Шоҳиди дигар писари Аббос бо носи Абдухон нишондод додааст, ки “ман дар ҷанҷоли рӯзи чанозаи Мансур Ҳамидов набудам, вале чанд рӯз пеш аз ин ҳодиса дидам, ки Алишери Насриддин бо Худоёров Муҳаммад ва амааш Худоёрова Валаъмат баҳс ё ҷанги лафзи додштанд. Дар дасти Муҳаммад санг, ва дар дасти апаи Валаъмат чуб буд” Судя пурсида аст, ки ту задани ин нафарҳоро диди, ки Алишерро задаанд? Абдухон дар ҷавоб гкфтааст, ки “ман надидам”.

Шоҳиди дигар бо номи Муродова Ҷондошо Кишварович як нафаре, ки қаблан барои дузди, ва аз худкунии моликияти давлатӣ дар асоси аризаи шикоятии банда ба пракуратураи н.Рашт суд шуда 100-ҳазор сомонии дуздидаашро ба фоидаи давлат бар гардонида буд, чунин нишондод додааст, ки Ҳақиқатан дар рӯзи ҳодиса онҷо будам ҳамин ду нафарро ҷанҷоли лафзи шуд, вале апаи Мавҷигул Алишерро назадааст.

Баъди мурофиаи дар ҳавлии бинои суди н.Рашт байни “ҷабрдида” Алишери Насриддин ва “шоҳид” Муродов Ҷондоршо Кишварович ҷанҷол бар хостааст, Алишер гуфтааст, ки “мана ахмақ карде ташкил кардем ҳамин кораву инҷо судда омаде аз гапои маслиҳат карда гаште, маслиҳат чи буд? Ҷондоршо ба Алишер гуфтааст, ки “мана аҳмақ кардан, ки шумо шоҳидии бардурӯғ диҳед ин парванда ба суд намеравад, фақат барои тарсонидани Худоёровҳо аст, аммо кор ба суд расид, ин зан 5 писару даҳҳо хешу табор дорад, яке суд ҷинояткораш эълон карда ба ҷавобгарӣ кашандаш бачаҳо ва хешу табораш аввал туро фалон мекунан баъд моро. Алишер дод мезанад ба сари Ҷондоршо, номбурда мегӯяд худатро надарон ман ранги ту беимон нестам, ки дуруғара занталоқ хурам, ки мана задан.

Хулоса бӯйи бади кормандони мақомоти милитсия дар рафти мурофиа додгоҳи баромад, суханони шоҳидони ҳодиса дар мурофиаи суди ба нишондодҳои дар тафтишоти пешакӣ додаашон умуман рост намеоянд. Аз ин маълум мешавад, ки баёнотҳоро муфаттиш Аҳёзода Билол аз пеши худ навиштааст, ва аз бесаводии шоҳидон истифода намуда имзоҳои номбурдагонро гирифтааст.

Суд то рӯзи сешанбе 26-уми апрел танаффус эълон намуд. Ду нафар аз шоҳидони беғараз нопурсида мондаанд, қарор аст, ки дар мурофиаи оянда онҳо пурсида шаванд, ва суд ба хонаи машваратӣ раванд.

Дигар ҳамаи шоҳидони дар боло зикргардида бо мо хусумати шахсӣ доранд, ҳатто як нафараш холис нестанд, зама вақт мисли рифола аз ин шоҳидон алайҳи мо дар Рашт истифода менамояд. Ҳамин гуна соли 2018 инҳоро бар зиди ман истифода бурда буданд, ва маҳз ба ҳамин хотири хусумат доштанашон кормандони милитсия онҳоро шоҳид кардаанд.

Ногуфта намонад, ки Мавҷигул Ғарибова модари банда мебошад, ва баъди ба шаҳодат расонидани бародарзодаам Алиризо Худоёров бисёр шикоят ва эътироз намуда буд, вале як чанд нафар аз кормандони мақомоти милитсия барои даҳони эътирозашро бастан ба қавли худашон бо фармони боло алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд, ва мехоҳанд бо номи қонун аз модар ва хоҳари ман қасос гиранд.

Умедворем, ки судя адолатро риоя намуда парвандаҳои фармоишии алайҳи Модар ва Хоҳари ман боз шударо қатъ намуда онҳоро аз “ҷавобгарии ҷиноятӣ” озод менамояд!

ҶХ.

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Back to top button