ВидеоКультураПортреты

НАРОДНОМУ ПОЭТУ ТАДЖИКИСТАНА АСКАРУ ХАКИМУ ИСПОЛНИЛОСЬ 75

Аскар Хаким, Народный поэт Таджикистана, бывший глава Союза писателей республики, доктор филологических наук, лауреат литературной премии имени Рудаки 10 октября отмечает свой 75-й день рождения.

Аскар Хаким родился  10 октября 1946 года в селе Румон под г. Худжанд на севере Таджикистана, в 1967 году окончил факультет истории и филологии Таджикского госуниверситета, а потом и аспирантуру МГУ имени М.Ломоносова, где в 1974 году и защитил свою кандидатскую диссертацию на тему современной таджикской поэзии 20 века и стал кандидатом филологических наук. В том же 1974 году он был принят в ряды Союза писателей СССР. А в 2018 году защитив докторскую также на тему современной таджикской поэзии второй половины 20 века, Аскар Хаким стал доктором наук.

Поэт долгие годы работал в НИИ таджикского языка и литературы имени Рудаки, литературном журнале «Садои Шрак», а в 1980-1990 г.г. был главным редактором литературного еженедельника «Адабиёт ва санъат». В 1991 году он был избран председателем Союза писателей Таджикистана и возглавлял эту творческую организацию до 2003 года. С 2000 по 2005 г.г.  поэт был депутатом Маджлиси милли и вице-спикером верхней палаты парламента Таджикистана. С 2012 года он работает в НИИ таджикского языка и литературы имени Рудаки и сейчас возглавляет научный журнал этого НИИ «Суханшиноси».

Труды Аскар Хакима по литературной критике опубликованы в сборниках «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) «Творцы созвучий» (Маскав, 1988), «Испытане поэзией (1992) и др. Его поэзия опубликована в сборниках «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987)), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993), «Шаҳри меҳолуд» (ба ҳуруфи ниёкон; 1993), «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» (Теҳрон, 1995), «Ашъори мунтахаб» (2012)  и др. Стихи Аскара Хакима переведены на русский и другие языки мира. А он сам перевел на таджикский произведения В.Быкова, М.Ю. Лермонтова, Г. Эмина, а также часть “Ад” из “Божественной комедии” А. Данте. Он также составил альманах «Лирика. Из персидско-таджикской поэзии», который был опубликован в Москве в 1987 г.

Из поэзии Аскара Хакима:

Худоё, доимиям рӯи раҳ дор,

Чу ман раҳ меравам, эмин зи чаҳ дор.

Ман аз шайтони ноинсон натарсам,

Маро з-инсони шайтонат нигаҳ дор.

РИШИ ДАҲР

Гарчи фалакат ба гиря водорад кор,

Ту ханда бизан бар фалаки ноҳамёр.

З-он пеш, ки абр гиря борон бикунад,

Чун барқ ба риши даҳр хандад як бор.

ЯК ЗАХМА

Фарёди дили маро кӣ фарёдрас аст,

Фарёди дил аст ин, на садои ҷарас аст.

Мо табл набошем, ки моро кӯбӣ,

Мо тори рубобем, ки як захма бас аст.

БЕНИЁЗӢ

То дил надиҳӣ, ту дилнавозӣ накунӣ,

То сар надиҳӣ, ту сарфарозӣ накунӣ.

То нагзарӣ аз баҳри ҳама арзу ниёз,

Дар даҳр умеди бениёзӣ накунӣ.

ШОГИРДУ КИТОБ

Устод ба шогирди наве рӯй овард,

Кай мехарӣ, охир, ту китоб, эй бедард?

Шогирд дар он сардии дай чашм ба зер

Попӯши фиту дарида пинҳон мекард.

ЗАНҶИРИ ПО

Андешаи рӯзӣ, ки туро дам ба дам аст,

Ҳар қадр, ки бисёр бувад, боз кам аст.

Фикри шиками сер кунад побандат,

Занҷири ду поят, ки туро дар шикам аст.

МАН ОМАДААМ…

Боист шинохт оламу одамро*,

Садрангии ҷовидони бешу камро.

Ин даҳр тиҳӣ буд ба чандин миллярд,

Ман омадаам, ки пур кунам оламро.

ЯКТОИ БЕҲАМТО

Дар пояи худ ба ҳар кӣ ҳампое нест,

Ҳамтояш агарчи нест, яктое нест.

Бинад зи фалак  Ҳумо пайи мӯр ба рӯз,

Дар зулмати  шаб чу бум биное нест.

ОДАМ БОШӢ…

Эй он, ки зи ҳамгинон дилат пурдард аст,

Дар ҳарду ҷаҳон шахси ту гӯё фард аст.

Дар ҷамъи башар агар худ одам бошӣ,

Монанди ту одам чандин  милярд аст.

РАҲИ ТАДБИР

Моро, ки ба раҳ ҳазору як тақсир аст,

Роҳе, ки ба мақсад барадат, тадбир аст.

З-он саг, ки занад баланд аккос, матарс,

Тарс аз саги хомӯш, ки ғофилгир аст.

ТАШНАИ ДАРЁ

Ҳар чиз, ки қисматат раво дид, равост,

Дар ҳалқаи дарё даҳани моҳӣ во-ст.

Сероб накардаш чу азал аз аввал,

Ташна-ст, агарчи дар миёни дарёст.

ШАБ САҲАР АСТ

Биноии дил на аз басар, аз назар аст,

Он ҷо, ки назар хуш аст, дил дидавар аст.

Оне, ки саҳар хуфт, набинад рухи субҳ,

Гар чашми ту бедор бувад, шаб саҳар аст.

ДЕВОРУ ДАР

Ҳар ҷой, ки аскарест, афсар ҳам ҳаст,

Бар ҳар сафи бешикаст сафдар ҳам ҳаст.

Навмед машав зи хори девори баланд,

Ҳар ҷой, ки девор бувад, дар ҳам ҳаст.

МАВҶТИФЛИ БОЗИКОР

Ин рӯд зи меҳри модарӣ  саршор аст,

Мавҷаш ба канор тифли бозикор аст.

Гаҳвора агарчи  то саҳар ҷунбонад,

Кӯдак ба мағал тамоми шаб бедор аст.

ҲАРФИ ХИРАД

Ҳарфи хирад аз мухолифатҳо дур аст,

Он ҷой, ки маъност, сухан мансур аст.

Дилро ба ҳавои ақл боист бисохт,

Ноҷӯр наво, чу торҳо ноҷӯр аст.

ОБОДИИ ДИЛ

Аз умри гаронмоя маро то нафас аст,

Ободию озодагии дил ҳавас аст.

Онро ки ба ҷуз тортанӣ  шуғле нест,

Чун тортанак рӯзии умраш магас аст.

ШЕВАИ ОСМОН

Бо ин ҳама чашм, чашми гардун на ба мост,

Ин арз куҷо барем, кар гӯши самост.

Аз шеваи осмон биёяд аҷабам,

Ҳар ҷо сари холист, таҳи боли Ҳумост.

ТАЛАБИ ОЗОДӢ

Ман мурғи ҳавояму ҳаводорам нест,

Дар хайли қафаснишастагон ёрам нест.

Ман дар талаби ҳавои озодиям,

Бикшо қафасам, ки дона даркорам нест.

ИБРАТ

Ранҷе, ки кашад ин дили мо, ранҷи равост,

Ганҷе, ки варо даст диҳад, ганҷи вафост.

Мӯре, ки кашад дони гаронтар аз хеш,

Бар рағми ҳама сабуксарон ибрати мост.

ДАЛЕЛИ ҲАҚ

Ин об, ки ӯ зи Салсабил овардаст,

Бар хок занандаш, ки чӣ селовардаст.

Имрӯз далели ҳақ ба ҷуз зӯрӣ нест,

Ин сода вале ба ҳақ далел овардаст.

ХУФТАИ БЕДОР

Эй бехабарон, шуҳрати подор куҷост,

Нанг аз кафи мо рафт, дигар ор куҷост.

Саҳл аст миёни хуфтагон бедорӣ,

Бедортар аз хуфтаи бедор куҷост?!

МЕЪЁРИ ДИЛ

Ин дайри куҳан, ки аз ғами тоза пур аст,

Танг асту махуф асту зи овоза пур аст.

Аммо дили моро чӣ аҷаб меъёрест,

Қадрест фарохо, ки чӣ андоза пур аст.

РОЗИ ШАБ

Дунёст, ки бо равшанияш пирӯз аст,

Дар рӯз яке шамси ҷаҳонфрӯз аст.

Шабро, ки ҳазор ахтари меҳр бувад,

Аз рози шаб огоҳ шавӣ, шаб рӯз аст.

ТАБОРИ ХУРШЕД

Ин дори фано, ки бар ҳама пирӯз аст,

Он бор, ки мебарад, ба пушти кӯз аст.

Гар мушти гилам, табори хуршедам ман,

Ҳар гаҳ, ки равам, шаб асту оям, рӯз аст.

СУХАНИ БУРРАНДА

Баҳси ҳақу ноҳақ набиёрад самарат,

Гарчи набувад гурезгоҳи дигарат.

Азбас сухани ҳақ аст бурранда чу теғ,

Лаб бандӣ агар, лабат бурад в-арна сарат.

ЯК ЗАХМА

Фарёди дили маро кӣ фарёдрас аст,

Фарёди дил аст ин,  на садои ҷарас аст.

Мо табл набошем, ки моро кӯбӣ,

Мо тори рубобем, ки як захма бас аст.

КУЛАҲ

Дар раҳгузари умр, ки банду хатар аст,

Ту бехабарию он зи ту бохабар аст.

Ҳаргиз накунӣ тарки сар аз баҳри кулоҳ,

Сар баҳри кулаҳ нест, кулаҳ баҳри сар аст.

ҶАҲЛИ ҶОҲИЛ

Ҳаргиз набувад кори ҷаҳон бе каму кост,

Ҳайратзадаам, вале аз оне, ки равост.

Оқил ба раҳи рост ҳазор андешад,

Ҷоҳил ба раҳи каҷ раваду донад рост.

ДИЛИ ДАРДКАШ

Имрӯз, ки бегона ба ман хештар аст,

Ҳар рӯз зи дирӯза дилам рештар аст.

Бефарқ агарчи бар сару рӯй зананд,

Чун дардкаш аст дил, ғамаш бештар аст.

ШАҲРИ НОҲУШЁР

Ин хок гаҳе хоку гаҳе афлок аст,

Тарёк ба заҳри хештан тарёк аст.

Дар кӯчаи шаҳре, ки надорад ҳушёр,

Девона зи санги кӯдакон бебок аст.

ШИКАМ – ШАҲБОЛ

Он сар, ки надорад сари коре, чӣ сар аст,

Он даст, ки нест дасти ёрӣ, ҳадар аст.

Море ба шикам хазад, шикам шаҳбол аст,

Боле, ки ба парвоз наёрад, чӣ пар аст?!

ОРЗУ – ДОҒ

Мурғе, ки ба ҳар фасл канори боғ аст,

Булбул ба баҳорону зимистон зоғ аст.

Уммеди муҳолат, ки занад шӯъла ба дил,

Имрӯз, ки орзуст, фардо доғ аст.

РАНҶИ ДОМ

Инсон, ки ҳама дар орзуи бахт аст,

То рафтани дар тахта хаёлаш тахт аст.

Осон нафитад ба дом мурғи зирак,

Афтад чу ба дом, ранҷи домаш сахт аст.

МОҲИИ ДАҲОНВО

Инсон, ки ба як даҳону ҷуфте гӯш аст,

Ин худ масале барои марди ҳуш аст.

Гар кому даҳон фақат барои ҳарф аст,

Моҳӣ ба даҳони во чаро хомӯш аст?!

СОЯИ ХУРШЕД

Хуршед баланд аст, ба он поя куҷост,

Ин чашмаи нури покро моя куҷост.

Хуршедӣ агар, ба сояе хурда магир,

Хуршед, ки хандон набувад, соя куҷост?!

ПОСБОН

Даҳрат, ки ҳамеша сифлаву маккор аст,

Ҷуфтикунияш ба ганҷеву девор аст.

Андешаи заҳри неш аз сар магузор,

Чизе маталаб, ки посбонаш мор аст.

БОРИ ҒАМ

Дам бештар аст ё адам бештар аст,

Ё шафқату меҳр, ё ситам бештар аст?

Эй сода, чӣ хоҳӣ аз Худо умри дароз,

Дар умри дароз бори ғам бештар аст.

ОДАМИГАРӢ

Дар баҳру баре баҳру барӣ пайдо нест,

Сардор чӣ бисёру сарӣ пайдо нест.

Ҳарчанд ки дунё пури одам шудааст,

Афсӯс, ки одамигарӣ пайдо нест.

ФАЙЗИ АХТАРОН

Хуне, ки туро ниҳон равад дар рагу пӯст,

Дар бӯсагаҳи чеҳраи гулгун ба нумӯст.

Нурат нарасад зи маҳфили тирадилон,

Хуршед зи файзи ахтарон равшанрӯст.

ХАС

Ишқе, ки ба он ноз кунӣ ту, ҳавас аст,

Мурғе, ки аз он ту бол хоҳӣ, магас аст.

Аз хеш ту гӯиё касе сохтаӣ,

Он кас, ки зи худ сохтаӣ, кас чӣ, хас аст.

САРСАРӢ

Бо заҳмат агар сӯйи зафар хоҳӣ рафт,

Гар шӯълавар омадӣ, шарар хоҳӣ рафт.

Роҳест валек роҳи умрат, ки аз он

Бо сарсарие равӣ, ба сар хоҳӣ рафт.

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Back to top button