Спорт

СКОНЧАЛСЯ ХУКУМАТШО ГАЙРАТОВ – ГУРУ ВАНДЖСКИХ БОРЦОВ

Хукуматшо Гайратов, известный борец и тренер по борьбе из Ванджского района скончался 28 ноября в возрасте 80 лет.  Гайратов был первым мастером спорта СССР из ГБАО, обладателем серебрянной медали чемпионата мира по вольной борьбе среди ветеранов. Хукуматшо Гайратов родился в 1940 году в селе Лахш джамаата Водхуд Ванджского района, окончил Таджикский институт физкультуры. Его считают одним из основателей знаменитой Ванджской школы по борьбе, воспитанники которой сегодня успешно выступают не только за сборные команды Таджикистана, но и за национальные сборные России. Хукуматшо Гайратова называли гуру ванджских борцов.

Ғайратов Ҳукуматшо – (1940, Водхуд/Рохарв – 2020) якумин устоди варзиши ИҶШС аз ВМКБ оид ба гӯштини тарзи озод, дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон байни устодон.

Ҳукуматшо Ғайратов ё чи тавре, ки дар солҳои таҳсил дар водиҳои Ёвону Вахш ӯро Ғайратполвон ном мебурданд, яке аз беҳтарин намояндагони насли миёнаи гӯштигирони диёр ҳисоб меёбад.

Соли 1940 дар деҳаи Лахши деҳшӯрои Водхуд дар оилаи корманди колхоз ба дунё омадааст. Падараш Ғайрат Давлатов низ дар ҷавонӣ шуғли гӯштӣ дошта, аз бисёр варзишгарони деҳаю ноҳия дар ин ҷода бартарӣ доштааст. Баъди хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи маданиву равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таҳсил намуда, онро ба итмом расонда, ба сафи Армияи Шӯравӣ даъват шудааст. Дар ин солҳо ба шуғли фаъоли варзишӣ пардохта буду дар майдони мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ қувваозмоӣ менамуд.  

Санъати гӯштигирии Ҳукуматшо Ғайратов махсусан солҳои дар факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г.Шевченкои шаҳри Душанбе таҳсил гирифтанаш сайқал ёфт. Дар охири солҳои 50 ва ибтидои солҳои 60-ум ӯ дар тамоми маъракаҳои расмию ғайрирасмии гӯштии ҷумҳурӣ ширкат варзида, дар аксари онҳо дастболо мешуд. Соли 1960 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷои дуюмро ишғол намуд.    Солҳои 60-ум ӯ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, чандин маротиба ҷои аввал ва қаҳрамони варзиши мусобиқаҳои ҷумҳурӣ эълон шудааст.  

 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба устодии варзиши ИҶШС Ҳукуматшо Ғайратов бо ҷасуриву боварӣ нисбат ба қувваи худ аз ҳамзамононаш фарқ мекард. Ӯ дар мусобиқаҳои расмӣ дар вазни миёна гӯштӣ мегирифт, вале дар маъракаҳои ғайрирасмӣ бо паҳлавононе, ки қариб ду баробари вазнашро доштанд, қувваозмоӣ намуда, онҳоро мағлуб месохт. Ниҳоят моҳирона ва бошаст гӯштӣ мегирифт.

 Яке аз усулҳои дӯстдоштаи ин паҳлавон, ҳарифи халукандохтаро (халукпартов) афтодан буд. Ӯ худ мепоид, ки ҳариф кай ҳалук андозад. Ҳарифи бехабар ҳамин, ки ин корро мекард, ӯ бо як чолокӣ, гӯё худ пуштнокӣ меафтида бошад, дар вақти мувозинатро вайрон кардан онро ба тахтапушт мехобонд. Ҳарифони аз ин амали ӯ бохабар кӯшиш мекарданд, ки ҳалук наандозанд.  

Ин варзишгари бомаҳорат аз соли 1968 инҷониб ба ҳайси мураббии ҷавонони шавқу шуғли варзишдошта, дар ноҳияи Ванҷ хизмат мекунад. Қариб тамоми паҳлавонони баъди солҳои 60-ум дар ноҳияи Ванҷ тавлиду таълимгирифта, аз мактаби варзиши ӯ гузаштаанд.

  Ин марди ҳалиму майдонзеб ба шогирдон пеш аз ҳама хислатҳои ҷавонмардӣ, росткориву ростқавлӣ ва беҳтарин усулҳои гӯштии маҳаллиро меомӯзад. Ӯ ба ин касб ифтихор дорад. Ҳамчунин бисёре аз ҷавонони ноҳия ифтихор аз он доранд, ки аз мактаби варзишии ин марди шариф гузаштаанд. (Аз китоби “Ванҷ”-и Ҳ. Пирумшоев).  

Устоди паҳлавонони диёр, варзишкори барӯманди ноҳия Ғайратшо Ҳукуматов дар таърихи 28 ноябри соли 2020 аз олам даргузаштанд.

Манбаъ: https://vanj.info/%d2%b3%d1%83%d0%ba%d1%83%d0%bc%d0%b0%d1%82%d1%88%d0%be-%d2%93%d0%b0%d0%b9%d1%80%d0%b0%d1%82%d0%be%d0%b2/

Инно лилоҳи ва ино илайҳи роҷиъун !

Бо камоли таасуф хабар ёфтем ,ки имруз яке аз обрумандтарин шахсиятҳои варзишии мардуми Бадахшон ,инсони оқилу дурандеш ,мураббии даҳо паҳлавони номии кишвар ,пири гуштини мардуми Ванҷ ва Устоди варзиши ИҶШТ Ҳукуматшо Ғайратов дунёи фониро тарк гуфтанд .Худованд гуноҳонашро мағфират ,қабрашро пурнур ва ҷояшро ҷаннат бигардонад ва ба бастагонаш сабри ҷамил ато бифармояд !

Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист ,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро .

https://www.facebook.com/groups/275612519189024/permalink/3444057175677860/

Похожие новости

Leave a Reply

Your email address will not be published.

Back to top button